logo

фарҳанг

КИТОБХОНА МАКОНИ МУҚАДДАС АСТ, АММО...

Китоб арзишмандтарин гавҳар ва манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш мебошад. Инсон аз тамоми мавҷудот маҳз тавассути ақлу фаросат ва заковати бузурги худ фарқ мекунад, ки ин ҳама бидуни мутолиаи китоб ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд.

Инсон бояд китобро азизу китобхонаро макони муқаддас донад. Аммо боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо на дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар ба китобу китобхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки аксари китобхонаҳои марказиву минтақавии ноҳияҳо дар вазъи ногувор қарор доранд. Вобаста ба мавзӯи мазкур аз вазъу фаъолияти  китобхонаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намудем.
Тавре  Эътибор Юсуфова, мудири китобхонаи марказии ноҳия, мегӯяд: “Шумораи китобхонаҳои ноҳия бо шумули китобхонаи марказӣ, бачагона ва деҳоту ҷамоатҳо ба 15 адад расида, адади китобҳои мавҷуда ба 96705 баробар аст”.
Ҳангоми мушоҳида маълум гардид, ки  китобхонаи шаҳрак дар ҳолати валангор қарор дошта, тӯли чанд сол аст, ки аз фаъолият боз мондааст. Инчунин, бо сабаби надоштани бинову китобҳои муосир фаъолияти чанде аз китобхонаҳо қатъ гардидааст. Бисёре аз китобҳо дар ҳолати фарсуда ва корношоям қарор доранд ва ҷои баҳс нест, ки барои хонанда низ мутолиаи чунин асарҳо нохушоянд аст. Китобхонаи деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Яккатут бошад, бо сабаби надоштани бинои корӣ дар дохили масҷиди деҳа “фаъолият” дорад. Дар чунин ҳолат қарор доштани вазъи китобхонаҳои ноҳияро мудири китобхонаи марказӣ чунин шарҳ дод:
- Дар китобхонаи марказии ноҳия ҳамагӣ 13595 китоб мавҷуд аст, ки аксари онҳоро адабиёти ғайритоҷикӣ ташкил медиҳад. Дар ин ҷо бо забони давлатӣ адабиёт хеле кам аст. Маротибаи охирин ба ноҳия соли 2015 китоб ворид шудааст.
Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рушди бесобиқаи илму технология қарор дорад, китобхонаи марказии ноҳия дорои танҳо як компютер буда, дар шакли электронӣ китобе надорад.
Ба таъкиди ӯ сабаби фаъолият накардани бисёре аз китобхонаҳо надоштани бино ва норасоии маблағҳои буҷетӣ аст.
Тавре аз суҳбат бо сокинони ноҳия маълум гашт, аксари онҳо аз вуҷуд доштани китобхонаҳо дарак надоранд ва қисме чанд маротиб китобхона рафтаву дарҳои онро баста дарёфтаанд.
Дар чунин ҳолат қарор доштани махзани илму адаб ба мафкураи хонандагон ва рушди забони модарӣ таъсири манфӣ расонда,  ҳамарӯза хонандаро аз китобу китобхона дур месозад.
Пас, бояд масъулин пайи ислоҳи камбудиҳои мазкур бошанду китобхонаҳоро доим дар ҳолати хуб нигоҳ доранд. Зеро китоб ганҷина ва роҳнамои бебаҳост. Чуноне Пешвои миллат зикр намудаанд: “Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад”.
Қурбон АҲМАДЗОД, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2017    №: 161    Мутолиа карданд: 526
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед