logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНМАРДЕ АЗ ПАЙИ ОБОДӢ

Нафароне, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ доранд, ҳамеша дар пайи ободиву шукуфоии Ватананд ва пайваста саъй мекунанд гӯшаеро обод  созанд ва ё ба ниёзманде дасти кумак дароз намоянд. Ободии диёрро  ободии хонаи худ, хушбахтии ҳамдиёронро хушҳолии хеш мешуморанд. Чун миллатдӯсту ватанпарваранд, дар ҳалли мушкилот ва пешрафти ҷомеа низ бетараф нахоҳанд буд.

Насим Солеҳов аз зумраи чунин ҷавонмардон аст. Аввалин коре, ки ӯ якҷо бо  бародаронаш анҷом дод,  азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37-и шаҳраки Зарафшон-2 - и ноҳияи Айнӣ  буд. Дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирии  роҳбарияти кони ангишти Фон – Яғноб мактаби якошёнаи шаҳрак ба муассисаи наву замонавии дуошёна ва дорои шароити хуби таълимӣ  табдил гардид. Маблағи умумие, ки бо бародаронаш дар ин кори хайр сарф намуд, беш аз сесад ҳазор  сомониро ташкил дод.
Мушкили дигаре, ки бародарон дар роҳи ҳаллаш камари ҳиммат бастанд, танқисии об буд, ки солиёни зиёд, хоса дар заминҳои корами хоҷагии  Гулистони деҳаи Майтӣ баръало эҳсос мешуд. Насим Солеҳов ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ қубурҳои обгузар харида, заминҳои деҳаро шодоб гардонд.
Бародарон илова ба ин таъмири қисме аз роҳи деҳаи Ремони ноҳияро бар уҳда гирифтанд. Ба андешаи ин ҷавонмарди саховатпеша шароити мусоиде, ки роҳбарияти ноҳия дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, фароҳам овардааст, фарзандони бонангу номусро минбаъд низ барои саҳмгузорӣ дар ободонии як гӯшаи ин Ватани маҳбуб рӯҳбаланду раҳнамун месозад.
- Воқеан, агар ҳар кадомамон каме ҳам бошад, дар бартараф намудани камбудиву норасоиҳо саҳм гузорем, бешубҳа,  ҳама мушкилоти  ҷомеа бартараф гардида, ватанамон боз ҳам ободу зебо ҳоҳад  шуд, - мегӯяд Насим Солеҳов.
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2017    №: 163    Мутолиа карданд: 113

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед