logo

иҷтимоиёт

ХИШТИ АВВАЛ КАҶ НАНИҲЕМ!

Рухшона Исматова, мудири кӯдакистони рақами 2  Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик оид ба таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ дар ин ақида аст, ки тарбияи онҳо дар ин муассисаҳо нисбат ба оила хубтар буда, то ба мактаб рафтан дар онҳо қобилияти хуби хондану навиштан, сухандонию сухан гуфтан пайдо мешавад.
Ба туфайли ташкили хуби кор, ба роҳ мондани низоми дуруст, гузарондани чорабиниҳои шавқовару хотирмон, истифодаи таҷрибаи пешқадам кӯдакистони рақами  2 дар байни дигар муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия яке аз ҷойҳои беҳтаринро ишғол мекунад.
 
Бино ба иттилои Шамсулло Сатторов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик,  ҳар сол бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар маркази ноҳия чорабиниҳо баргузор мегарданд, ки дар он тарбиягирандагони кӯдакистони рақами 2 ширкати фаъол варзида, дар васфи Модар - Ватан, сулҳу ваҳдат, мо бачагони хушбахти замонем шеърҳо қироат намуда, инчунин, барномаҳои рангини худро пешниҳод намуда, аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд мегиранд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.
Имсол дар асоси Барномаи давлатии рушди соҳаи  тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012 - 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардидаи буҷети ноҳия ин муассисаи томактабӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Кӯдакон бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили мизу курсичаҳо, кати хобу дастурҳои методӣ, адабиётҳои бачагона, телевизору компютерҳо таъмин мебошанд. Бояд гуфт, ки алоқаи муассисаи таълимӣ бо падару модарон ва сарпарастон хеле мустаҳкам мебошад. Сарпарастон тез-тез ба ин кӯдакистон омада, аз аҳволи тарбиягирандагон хабар мегиранд. Онҳо ёрии худро ба кӯдакон дареғ намедоранд. Ба онҳо маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған, биринҷ, пиёзу картошкаро дастрас менамоянд.
- Тарбияи дурусту саривақтӣ дар ташаккули шахсият нақши асосӣ дорад. Барҳақ фармудаанд:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Ҳама саъю кӯшишамон бар он аст, ки кӯдакон дар ин муассиса тарбияи дуруст гиранд, - мегӯяд Рухшона Исматова.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2017    №: 168    Мутолиа карданд: 81

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед