logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ГУНҶИШК ПИСАРАМ, ГУНҶИШК!
Писари фориғ аз корҳои рӯзгор болои кат, назди падари пираш менишаст. Рӯи шохаҳои дарахтони ҳавлӣ гунҷишкакон бо ҳамдигар моҷаро мекарданд. Падар суол кард:
- Писарам, ин чӣ аст?
- Гунҷишк, - бо нармӣ посух дод писар.
Ба гунҷишки дигар ишора карда боз пурсид:
- Ин чӣ аст?
- Гунҷишк! - каме бо зарба ҷавоб гуфт писар.
Падар гӯё фарзанди худро имтиҳон мекарда бошад, ки ба гунҷишки дигар ишора намуда боз мепурсад:
- Ин чӣ аст?
- Гунҷишк, сад бор гӯям магар, гунҷиишшк!!! – ин дафъа хашмолуд бонг зад писар.
Падар ҳамчунон оромона оҳиста ба хона даромада, дафтаре дар даст бармегардад ва саҳифаро аз он кушода, аз писараш хоҳиш мекунад, ки бихонад. Дар дафтари хотироти падар чунин навишта шуда буд: «Писари азизам, ки нав 3-сола шудааст, ба селаи гунҷишкони рӯи ҳавлӣ бо нӯги ангуштони кӯчакаш ишора карда, 27 маротиба пурсид: «Падар, ин чӣ аст?, Падар, ин чӣ аст»? 27 маротиба гуфтам: «Гунҷишк писарам, гунҷишк…»
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


РӮ БА РӮ БЕҲ ЗИ ПАҲЛУ?
Маъмул аст, пас аз он, ки наздикону дӯстон рӯ ба рӯи ҳам менишинанд ва ё ба ҳангоми интихобу қарор додани ҷойҳо бо хушнудӣ изҳор медоранд: «Рӯ ба рӯ беҳ зи паҳлу». Аммо, воқеан, рӯ ба рӯ беҳ зи паҳлу аст? Шоире бо шинохти ин гуна маврид рӯшан изҳор медорад:

Ҳар киро майли хами абру бувад,
Рӯ ба рӯ будан беҳ аз паҳлу бувад.

Шояд камтар андешидаем ва ё наандешидаем, ки рӯ ба рӯ будан маънои манфӣ низ касб карда метавонад. Яъне он метавонад аксуламал ҳам дошта бошад.
Бубинем, ки ин ҳақиқатро шоире дигар чи зебову ҳадафрасу боваркарданӣ баён намудааст:

Рӯ ба рӯ будан нишони душманист,
Ёр он бояд, ки дар паҳлу бувад.

Пас, қазоват аз хонанда аст, ки чӣ фикри ҷолибтаре манзур менамояд!
Абдулқодири РАҲИМ


КАРАВШИН
Чунин ном дорад мавзее дар маркази Помиру Олой. Он дар сарҳади Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷойгир шудааст. Каме ғайримуқаррарӣ намояд ҳам, вале  ин ҷоест, ки дар ҳақиқат пойи инсон ба он ҷо нарасидааст. Дар ин ҷо табиати ҳақиқии ёбоӣ ҳукмрон аст. 
Онҳо Маккаи кӯҳнавардон гардидаанд. Ин хумаҳои сангини фантастикӣ дараҳои чуқури маъруфи амрикоиро ба хотир меоранд. Кӯҳҳои Каравшин аз хорои мустаҳкам иборат буда, бо сӯрохҳои амудӣ ковок шудаанд. То ҳанӯз на ҳамаи баландиҳои он тасхир шудаанд. Бисёр қулла ва хатсайрҳо, ки бо зебоӣ ва мушкилии худ фарқкунандаву ҷолиб мебошанд, кашшофонро интизоранд.
Кӯҳнавардон асосан лагери хешро дар пуштакӯҳи назди сарчашмаи дарёи Каравшин мустақар менамоянд. Ин ҷойи аҷиб барои кӯҳнавардӣ ва пиёдагардии кӯҳӣ дар дараҳо бо ҳамроҳии роҳбаладони ботаҷриба мебошад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ҲИНДУСТОН ГАРОНТАРИН ФИЛМ БА НАВОР ГИРИФТА МЕШАВАД
Ҳиндустон тасмим гирифтааст, ки дар таърихи кинои худ гаронтарин филмро наворбардорӣ намояд. Барои филмбардории эпоси бостонии «Маҳабҳарата» 155 миллион доллар сарф хоҳад шуд.
Тибқи стандартҳои ҳолливудӣ ин маблағ он қадар калон нест, вале дар Ҳиндустон филмҳои аз ҳама гаронарзиш камӣ дар кам аз 25 миллион доллар бештар масраф доранд.
Филми мазкурро Бавагута Рагурам Шетти, соҳибкор аз Амороти Муттаҳидаи  Араб, маблағгузорӣ мекунад.
Филмбардорӣ моҳи сентябри соли 2018 бояд шурӯъ гардад. Мутобиқи нақша филм ду қисматро дар бар хоҳад гирифт ва нахустнамоиши он соли 2020 дар назар аст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


Ба математику физик барои ҳал 2 масъала пешниҳод менамоянд:
Масъалаи 1. Зарфи об, бухорӣ, чойҷӯши холӣ. Чӣ гуна обро ҷӯшонем?
Физик: ба чойҷӯш обро мерезем, бухориро фаъол сохта, чойҷӯшро болои он мегузорем ва интизор мешавем.
Математик: дуруст, ман ҳам айнан ҳамин хел мекардам.
Масъалаи 2. Зарфи об, чойҷӯши пур. Чӣ гуна обро ҷӯшонем?
Физик: чойҷӯшро болои бухорӣ мегузорем ва интизор мешавем.
Математик: оби чойҷӯшро холӣ мекунем ва менигарем ба масъалаи якум, ки аллакай ҳалшуда аст.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


ДЕҲАИ МИЛЛИОНЕРОН
Соҳибкори муваффақ Антонио Фернандес соли 1917 дар деҳаи Сереcалес дел Кондадои Испания, таваллуд шудааст. Волидони ӯ 13 нафар фарзандашонро бо обилаи даст калон мекарданд. Антонио дар синни чордаҳсолагиаш маҷбур мешавад, ки таҳсилро партофта, ҳамроҳи падару модараш ба саҳро барояд. Чун волидон ва хоҳару бародаронашро хеле дӯст медошт, мекӯшид ба оила бештар нафъ орад. Ғайрати ӯро дида, ҳама муътақид бар он буданд, ки дар оянда саробони оила ӯ хоҳад шуд.
Вале соли 1949 дар ҳаёти Антонио воқеаи ғайриодие рух дод. Ӯ барои ба даст овардани суди бештар ба сӯйи Мексика роҳ пеш гирифт. Он ҷо дар ширкати «Grupo Modelo», ки ба истеҳсоли пиво машғул буд, ба кор даромад. Кораш омад карду зуд пеш рафтан гирифт. Аз соли 1971 Антонио Фернандес ба фаъолияти топ - менеҷментӣ машғул шуда, пивои «Corona» - ро аз маҳсулоти маҳаллӣ то сатҳи бренди ҷаҳонӣ маъруф намуд.  Дере нагузашта  ӯро  директори генералии ширкат таъйин намуданд. Акнун ӯ оилаи бузургеро саробонӣ мекард. 
Тавассути меҳнати ҳалолаш Антонио Фернандес ба яке аз сарватмандтарин мардони ҷаҳон табдил меёбад. Вале дороӣ ӯро ҳеҷ гоҳ мағрур ва аз мардум дур накард. Пеш аз марг ӯ ба ҳамдеҳагонаш тақсим намудани қисме аз дороиашро ба маблағи 200 миллион евро васият намуд. Он ба ҳар бошандаи деҳаи Сереcалес дел Кондадо 2 миллион евроӣ расид. Ҳамин тавр, бошандагони деҳа дар як они воҳид миллионер ва деҳаашон деҳи миллионерон шуд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ПАНДИ БУЗУРГОН
 – Он чист, ки ҳақ бошаду гуфтанаш норавост?
– Худро мадҳу сано кардани мард.
***
Дониши комил он аст, ки аҳли дониш писанданд ва ҳунари фоиқ он ки душман онро эътироф кунад. Дониш чун чароғ равшан аст, агарчи бисёр чароғҳо аз он барафрӯзанд, ҳеҷ нураш кам нагардад.
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ


МУЪҶИЗАИ АНРИ
Менеҷери ширкати «Reco Productions International» Анри Реммерс соли 2008 дар Нидерландия осорхонаи ғайриодие бо номи «Corpus», ки дар тарҷума аз лотинӣ маънои баданро дорад, таъсис дод. Иморати осорхона ҳамагонро ба ҳайрат гузошт. Бинои 7 ошёна аз оҳану алюминий ва бетон бо баландии 35 метр ва вазни 750 тонна бунёд ёфта, бо шишаҳои ҷилодиҳанда оинабандӣ шудааст.
Анри Реммерс кӯшиш намудааст, ки кори организми инсонро дар аёният ба ташрифоварандагон намоиш диҳад. Агар шакли берунаи бино тарҳи ҷисми одам бошад, пас дохили он низ шакли узвҳои дарунии  инсонро инъикос менамояд. Барои тамошои ҳар як узви инсон тамошобинро мебояд зиёда аз як соат дар дохили «бадани инсон» сайр намуда, бо кори «тамоми узвҳо» шинос шавад. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Дар ҷазираи Ҳонконги Хитой, агар шавҳар ба зани худ хиёнат кунад, ӯ ҳуқуқ дорад, ки шавҳарро ба қатл бирасонад. Аммо ба занон ҳини иҷрои ин амал истифода бурдан аз корд ва тапонча қатъиян манъ аст. Роҳи ягона бо неруи худ ин амалро ба анҷом расондан аст.
***
Қариб 17,7 дарсади занҳои ҷаҳон дар парламент кор мекунанд. Аммо дар ҳашт кишвари дунё ҳузури занон дар парламент манъ аст. Ин давлатҳо Арабистони Саудӣ, Ҷазираҳои Саломон, Микронезия, Науру, Умон, Палау, Қатар ва Тувалу мебошанд.
Таҳияи Р. КАРИМОВ


ОЁ МЕДОНЕД?
Дар бозии шоҳмот 170 000 000 000 000 000 000 000 000 роҳи бозӣ дар даҳ гардиши аввал мавҷуд аст.
***
Сун Мумнин, шаҳрванди Хитой,  қаддарозтарин волейболбози ҷаҳон шинохта шудааст. Қади ӯ 2 метру 36 сантиметр буда, вазнаш 152 килограммро ташкил медиҳад.
***
Оскар Деле, муштзани америкоии мексикоитабор, дар шаш вазн қаҳрамони ҷаҳон гардидааст. То кунун рекорди ӯро касе такрор накард.
Таҳияи Холназар КАСИРОВ


АЗ ТАЪРИХИ ХОККЕЙ
Ҳанӯз дар қарни 16 қабл аз ба вуҷуд омадани бозии хоккей дар Ҳоланд бозии тӯб бо чавгон (клюшка) дар рӯи ях мавҷуд буд. Баъдан монанд ба он дар Англия ва Скандинавия бозиҳо пайдо шуданд, ки дар натиҷа онҳо дар асри 19 ба хоккей бо тӯб мубаддал гаштанд.
Хоккейи муосир бо шайба чун бозии варзишӣ дар Канада пайдо шуд. Иқлим ва табиати ин кишвар бо доштани обанборҳои зиёду зимистони тӯлонӣ ба пайдоиши хоккей мусоидат кард. Дар аввал хоккейро бо тӯби вазнин бозӣ мекарданд ва шумораи бозигарони ду тараф то ба 50 нафар мерасид.
Соли 1879 Уф Робертсони канадагӣ қоидаҳои хоккейро тартиб дод ва ҳамон вақт барои бозӣ шайбаи резиниро истифода бурданд. Аввалин қоидаҳои расмии бозии хоккей бо шайба дар соли 1886 чоп гардиданд, ки ҳадди аксари он то ба замони мо расидаанд.
Дар соли 1886 аввалин дидори байналмилалӣ байни дастаҳои мунтахаби Канадаву Англия сурат гирифт ва соли 1899 дар шаҳри Монреал нахустин бор дар дунё варзишгоҳи сарпӯшидаи хоккей бо 10 ҳазор ҷойи нишаст сохта шуд. Дар ҳамин сол Лигаи хоккейи  ҳаваскори Канада ташкил гардид.
Дар охирҳои асри 19 хоккейи канадаӣ ба Аврупо омад.
Дар тӯли ин солҳо мунтазам дар қоидаҳои бозии хоккей тағйирот ворид мешуд: масалан соли 1900 тӯри дарвоза ихтироъ шуд.
Дарвозабон Клинт Бенедикт бори аввал бо ниқоб  ба бозӣ баромад ва соли 1945 бошад, дар пушти дарвозаҳо фонусҳои гуногунрангро ҷиҳати баҳисобгирии дақиқи шайбаҳо насб карданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
ОДАМИ БАРФӢ: ОЁ ҲАЛЛИ МУАММО НАЗДИК АСТ?
Анқариб аз асри XXI ду даҳсола мегузарад, вале асрори одами барфӣ ҳанӯз нокушода мондааст. Ин муаммо имрӯз ҳам тафаккури татқиқгарони некбинро ошуфта месозаду қалбашонро ба изтироб меорад, аммо дар лабони ҳарифони онҳо табассуми тамасхуромез ҳувайдо мегардад. Албатта, ин беасос ҳам нест, зеро ба будани одами барфӣ, ки дар баъзе кишварҳо ӯро ғули биёбон ҳам меноманд, аксар олимони табиатшинос бовар надоранд. Сухан дар бораи махлуқе меравад, ки тарзи ҳаёташ бисёр махфиёна буда, бо вай рӯ ба рӯ шуданро умуман ба нақша гирифта намешавад. Мо низ намегӯем, ки эй ҳарифон, шумо ба иштибоҳ роҳ медиҳед, одами барфӣ ҳаст. Баҳс давом дорад, вале вақт ҳамаро ҷо ба ҷо хоҳад гузошт.  
Минтақаҳои анъанавии иқоматгоҳҳои одами барфӣ ҳама вақт кӯҳистони Помир, Кавказ, Ҳимолой, Тиёншон ба шумур мерафтанд. Аммо дар Амрикои Шимолӣ низ изи пойи беҳад бузурги ӯро дидаанд. Аз ин рӯ, варо Бигфут – Калонпо номидаанд.
Дени Чапмени роҳсоз ҳамроҳи зан ва ду кӯдакаш дар наздикии ҷангал мезист. Рӯзе завҷааш мебинад, ки як махлуқи одамбашараи қадаш қариб дунимметра сӯи хонааш меояд. Зан фиғон мебардорад. Дени хаёл мекунад, ки шояд хирс тарсонда бошад. Камонро гирифта медавад. Махлуқ набуд, аммо нақши зиёда аз 40 сантиметраи пояш монда буд. Васегии қадамаш аз як метр кам намеомад. Ҳиндуҳои амрикоӣ чунин пайҳоро  сасквач (пои калон) меноманд. Дар ҷойҳои қадамнораси ИМА, дар доманаи вулқони хомӯшгаштаи Сент-Хеленс ва Канада шикорчиён гӯё ғулҳо – одамони барфиро дида бошанд. Дар мулки графии Скамания шикори Бигфут манъ карда шудааст. Аз ин мебарояд, ки онҳо замоне зиёд вомехӯрдаанд.
Соле пеш сокинони Белвюи шаҳри Сиэтл дар рӯи барф изи пойҳоеро дидаанд, ки ҳар кадом 50 сантиметр ҳаҷм доштааст. Глэдис Тотланд, сокини деҳа, ба хабарнигори оҷонсии Рейтер гуфтааст, ки мо ҳанӯз соли 1981 дар наздикии ҷангал одамони бузургҷуссаи баданашон пурпашмро дида будем. Ин пай аз онҳост.
Эскимосҳо низ мегӯянд, ки дар ҳудуди имрӯзаи онҳо замоне махлуқони қадбаланди пурмӯй мезистанд. Баъд куҷое рафтанд, зеро дар танҳоӣ зистанро хоҳонанд.
Моҳи октябри соли 1967 ба ҷӯяндагони сасквач – Р. Паттерсон ва ёвари ӯ Р. Гимлин муяссар гашт, ки дар минтақаи Блафф-Крик, шимолтари Калифорния, занаки барфиеро акс гиранд. Чанде пештар дар маҷаллаи «Аляска» саргузашти яке аз ҷӯяндагони сасквач дар Аляска Майкл Поулизник нашр шуд. Одами барфиро дар Аляска бушмен мегӯянд ва чанд нафар шикорчӣ бо онҳо гӯё рӯ ба рӯ омадаанд. Алеутҳо дар ҷазираҳои Кадяк ва Афогнак махлуқҳои қоматбаланди одамсуратро дидаанд ва онро Оулакх меноманд. Дар Чин низ ривоятҳо дар хусуси одами барфӣ хеле зиёданд.
Дар Тоҷикистон дар бобати одами барфӣ ва ғули биёбонӣ ривояту афсонаҳо бешуморанд ва дар матбуоти даврӣ дар замони шӯравӣ мақолаҳо ба нашр расидаанд, аммо будан ё набудани одамони барфӣ то имрӯз ҳам зери суол аст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
3. Кӯҳи Фитсрой
Афсари флоти баҳрӣ-ҳарбии Британияи Кабир Роберт Фитсрой дар олам чун муҳаққиқи соҳилҳои ҷанубии Амрикои Лотинӣ машҳур аст. Дар яке аз саёҳатҳои худ, ки 27 декабри соли 1831 бо ҳайати киштии «Бигл» сурат гирифт, онҳо ба соҳилҳои Амрикои Ҷанубӣ расида, дар он ҷо беш аз се сол таваққуф карданд.
Дар ин муддат Роберт Фитсрой корҳои зиёди харитасозиро анҷом дода, дар гулугоҳи Магеллан ва Патагония таҳқиқоти илмӣ гузаронд. Аммо аҷиб он аст, ки тайи ин ҷустуҷӯ ва пажӯҳишҳои сесола ба ӯ даст надод то кӯҳеро, ки ба номаш гузоштаанд, кашф намояд. Кӯҳро, ки баландии он 3375 метрро ташкил медиҳад, танҳо пас аз чил соли  саёҳати Фитсрой ҷаҳонгарди аргентинӣ Франсиско Морено кашф намуда, ба хотири эҳтиром ба номи ин муҳаққиқи маъруфи англис гузошт.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


ЗАН ВА ШӮХӢ
Худо занҳоро орӣ аз ҳиссиёти ҳазлу шӯхӣ офарид, то онҳо мардҳоро дӯст доранд, на ин ки ба  ҳолашон ханданд.


ИМТИҲОН
Донишҷӯ:
- Ба фикри ман…
Профессор:
- Шумо фикри Нютонро гӯед, андешаи шумо лозим шавад, худамон мепурсем.
Таҳияи Л. РИЗОЕВА


СЕ ВАРЗИШГОҲИ КАЛОНТАРИНИ ҶАҲОН
Аввалин майдони калонтарин «1 Май» ном дошта, дорои 150 ҳазор ҷойи нишаст аст. Сохтмони он соли 1989 ба хотири фестивали XIII ҷавонон ва донишҷӯён сурат гирифта буд. Хусусияти хоси дизайни варзишгоҳ он аст, ки 16 – аркҳои калони ҳалқамонанд ба намуди гули Магнолия ба ҳам омадаанд. Ин арена ҳоло барои гузарондани бозиҳои хонагии дастаи миллии Кореяи Шимолӣ истифода мешавад. Ҳамчунин, ҷашни бузурги «Ариранг» дар он гузаронда мешавад.
«Солтлейк – стедиум» дувумин варзишгоҳи калонтарини ҷаҳон буда, дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон ҷойгир аст. Он дорои 120 ҳазор ҷойи нишаст мебошад. Дастаҳои «Бенгол», «Монун бачан» ва «Муҳаммадан» бозиҳои хонагии худро дар ин майдон мегузаронанд. Бозиҳои  мусобиқоти миллӣ низ дар ин майдон  баргузор мегарданд.
«Астека» севумин варзишгоҳи калонтарин буда, дорои 105 ҳазор ҷойи нишаст аст. Соли 1966 сохта шудааст.
Ягона варзишгоҳе мебошад, ки давраи финалии  Ҷоми ҷаҳонии футбол дар он доир шудааст. Диего Марадона ду голи машҳури худро дар ин майдон задааст. Ҳамчунин, соли 1970 «бозии аср», яъне бозии итолиёиҳо бо Олмон дар он доир гаштааст. Герд Мюллер сарварии тими Олмонро ба уҳда дошт. Майдон барои бозии футболи олимпиадаи соли 1968 ва Ҷоми конфедератсия сохта шудааст.
Таҳияи З. АКРАМОВ


ТРАМВАЙИ БЕСАРНИШИН ДАР КӮЧАҲОИ ЧИН
Дар шаҳри Синдаои музофоти Шандуни Чин нахустин трамвайи бесарнишин дар ҷаҳон бароварда шуд, ки аллакай дар кӯчаҳо ҳаракат мекунад. Дарозиаш 35 ва паҳнояш 2,6 метр аст. Дар он то 380 мусофир ҷойгир шуда метавонад. Трамвай онҳоро бо суръати то 70 километр/соат ба манзилашон мерасонад. Ин нақлиёти бесарнишин бо ёрии системаи ҳаракати интеллектуалӣ идора карда мешавад ва он барои мустақилона батанзимдарории суръати ҳаракат имкон медиҳад. Масалан, суръати ҳаракатро зиёд месозад ва ё нақлиётро дар ҷойи лозимӣ нигоҳ медорад.
Муаллифони лоиҳа ба рӯзномаи «China Daily» гуфтанд, ки «трамвайи доно» - и офаридаи онҳо на танҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати кори трамвайҳо имкон медиҳад, балки сатҳи бехатарии онҳоро низ беҳтар мегардонад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2017    №: 169    Мутолиа карданд: 94

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед