logo

Хабарҳо

ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

Омодагӣ ба Ҷашни бузурги умумимиллӣ – 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаю канорҳои мамлакат, аз ҷумла дар пойтахти меҳан, вусъати тоза касб мекунад.Дар шаҳри Душанбе бо мақсади такон бахшидани амалҳои ободонию тозакорӣ ва оростани шаҳр дар остонаи ҷашн озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронда мешаванд. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, дар ин бора қарор ба тасвиб расонд.
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ҳадафи қарор иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъат бахшидани корҳои ободонию тозакорӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба фарҳанги шаҳрнишинӣ ва таҷлили сазовори бузургтарин ҷашни миллӣ мебошад.
Барои ғолибони озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» 20 ҳазор ва «Кӯчаи беҳтарин» 10  ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ, ҳамчунин, диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои дигар пешбинӣ шудаанд.
Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии пойтахт муваззаф гардидаанд, ки барои дар сатҳи ноҳиявӣ баргузор намудани ҳамин гуна озмунҳо чора андешанд. Муҳлати ҷамъбасти озмунҳои ноҳиявӣ то 20 август ва озмуни умумишаҳрӣ то 1 сентябри соли равон муқаррар гардидааст.
Ҷоизаҳо ба ғолибон дар вазъи тантанавӣ дар остонаи Ҷашни 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон супурда мешаванд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 84

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад

Дубай калонтарин дар дунё неругоҳи офтобӣ месозад

15.09.2017


Бинои нави дафтари Котиботи байниидоравӣ ба истифода дода шуд

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Солеҳ ибни Абдулазиз

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Туркия

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии World Food Moskov

Нахустин Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад

Рейтинг: сокинони Тоҷикистон дасткушодтар шуданд

Торумори «Давлати исломӣ» фаро мерасад

Сарвазири Малайзия ҳодисоти Мянмаро геносид номид

Дар Остона шаш санад ба тасвиб мерасад

14.09.2017


Баргузории Форуми соҳибкорон ва шарикони рушд

Намоиши мусаввараҳои рассомони тоҷик дар Суғд

Сағирдашт. Захираи алафи табиӣ ба 4200 тонна расид

Зимистон. Дар Мурғоб омодагии ҷиддӣ мегиранд

«Истиқлол» ба марҳилаи финалии интерминтақавӣ Ҷоми КФО – 2017 роҳ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед