иҷтимоиёт
ГАРМИДИҲӢ. ОМОДАГИҲО ЧӢ ГУНААНД?
Татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, таҳти рақами 177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018» идома дорад. Яке аз самтҳои муҳими қарор омодагӣ ба мавсими гармидиҳист.
- Тибқи нақшаи истеҳсол ва интиқоли неруи гармӣ дар мавсими нави гармидиҳӣ, ки он дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ШСХК «Барқи тоҷик» тасдиқ гардидааст, айни ҳол дар МБГ - 1 ва МБГ- 2 ҳамагӣ 11 деги буғӣ ва 8 трубина ҷиҳозонда шуда, дар дегхонаи «Шарқӣ» 2 ва дар дегхонаи «Ғарбӣ» 5 деги обгармкунӣ насб гардидаанд. Дар мавсими гармидиҳии солҳои 2017 - 2018 дар МБГ - 1 ва МБГ - 2 фаъолияти 8 деги буғӣ ва 5 трубина, дар дегхонаҳо бошад, фаъолияти 4 деги обгармкунӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 400 МВт - соат қувваи барқ ва 335 Гкал - соат неруи гармӣ истеҳсол мекунанд, - гуфт Умаралӣ Ниёзов, директори ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе».
- Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз иваз намудани 266 метр шоҳқубурҳои қитъаҳои садамавии гармидиҳӣ анҷом ёфта, дар қариб 25 км қубурҳои интиқоли неруи гармӣ санҷиши гидравликӣ гузаронда шуд. Новобаста ба мушкилиҳои мавҷуда, тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 – ро дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонданием. Захираи сӯзишворӣ, таъмири босифати таҷҳизот ва иҷрои корҳои дигар имкон медиҳанд, ки таъминоти биною иншооти шаҳри Душанбе бо неруи гармӣ тибқи нақша амалӣ гардад, - гуфт У. Ниёзов.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2017 №: 174-175 Мутолиа карданд: 525