иҷтимоиёт
«КАЙ СОҲИБИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ МЕШАВЕМ?»
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мақолаи «Кай соҳиби майдончаи варзишӣ мешавем?»-и З. Акрамовро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 30 июни соли равон ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Боиси тазаккур аст, ки мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои корам ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ҳар гуна иншоот манъ аст. Аз ин лиҳоз, алҳол дар деҳаи Восеъободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ барои бунёди майдончаҳои варзишӣ имконият нест, зеро майдони умумии заминҳои он 131 гектарро ташкил медиҳад, ки ба категорияи заминҳои корами обӣ дохил шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ мансуб мебошанд.
Қатъи назар аз ин, дар ноҳияи Восеъ барои рушди варзиш, хусусан футбол, тамоми шароитҳо муҳайё буда, барои сохтмони иншоотҳои варзишӣ соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷалб карда мешаванд. Айни ҳол аз ҷониби соҳибкорон 2 майдончаи варзишӣ барои бозии футбол сохта шуда истодааст.
Инчунин, дар маркази ноҳия варзишгоҳи марказӣ барои 3000 ҷойи нишаст ва майдончаи хурди варзишӣ барои футбол бо 300 ҷойи нишаст вуҷуд доранд, ки масофаи онҳо то деҳаи Восеъобод ҳамагӣ 1,5 километрро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, дар наз-дикии деҳаи Восеъобод сохтмони бузурги варзишии ноҳия барои 20 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.
Бо вуҷуди ин, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мувофиқи имкониятҳои мавҷуда дар оянда ҷиҳати бунёди майдончаҳои варзишӣ дар деҳаи Восеъободи ноҳияи Восеъ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.
Ф. АБДУЛЛОЗОДА,
сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.08.2017 №: 185 Мутолиа карданд: 625