logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

Имрӯзҳо дар тамоми корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҷиддӣ гирифта истодаанд. Вобаста ба рафти иҷрои қарори алоқаманди раиси шаҳри Душанбе ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018” бо Хушвахт Шарифзода, сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.

- Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе ва дар мувофиқа бо Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе - 28 муассисаи табобатию пешгирии раёсати тандурустии шаҳр барои қабули неруи гармӣ дар мавсими гармидиҳии солҳои 2017-2018 ба нақша гирифта шудаанд. Аз он 16 муассиса аз ҳисоби гармии мутамарказ ва 12 муассисаи дигараш аз ҳисоби дегхонаҳои локалӣ гарм карда мешаванд. Айни замон, дар муассисаҳои зикргардида санҷиши гидравликӣ гузаронида шуда, шиносномаи тайёрии умумӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода супорида мешавад.
Раёсати тандурустии шаҳр корҳои таъмириро ҷиҳати қабули гармӣ дар фасли зимистон дар дохили биноҳо пурра ба анҷом расонд. Аз муассисаҳои ба нақшаи қабули неруи гармии мутамарказ вориднагашта – 3 муассиса аз ҳисоби 2-бойлер, 27-тоаш аз ҳисоби радиаторҳои барқии равғанӣ ва Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бошад, аз ҳисоби 16 адад дастгоҳи гармиистеҳсолкунандаи “Челер” ва 115 таҷҳизоти гармидиҳанда муҷаҳҳаз гардонда шуда, дар мавсими сармо бо гармӣ таъмин мешаванд.
Вобаста ба ин, масъалаҳои бехатарии зидди сӯхторро дар тамоми муассисаҳои тиббии пойтахт пурзӯр карда истодаанд.
Муассисаҳои тиббии пойтахт бо воситаҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда таъмин мебошанд. Ташхиси лаборатории муқовимати изолятсияи болопӯши кабелҳо ва ноқилҳо, контури заминаҳалқаҳо дар озмоишгоҳи назоратии «Барқи тоҷик» гузаронда шуд. Дар муассисаҳо аз рӯи нақша санҷиши коршоямии рӯйпӯши кабелу ноқилҳои барқӣ, коркарди қисми аз чӯб сохташудаи болопӯши биноҳо бо маҳлули аз оташ муҳофизаткунанда гузаронда шуд.
Дар муассисаҳои табобатӣ комиссияҳои бехатарии техникӣ ва бехатарии сӯхтор ташкил карда шудааст, ки рафти иҷрои нақшаю чорабиниҳоро назорат мекунанд.

Қурбон АҲМАДЗОД,   “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2017    №: 188    Мутолиа карданд: 490

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед