logo

иҷтимоиёт

ШУКРОНА. ДАР БОРАИ ДАСТОВАРДҲОИ МУҚАДДАС ДАР 26 СОЛИ ОХИР

Озодиву истиқлол барои ҳар миллат дастоварди муқаддас ба шумор меравад. Миллати тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба сар мебурд ва дар тӯли ин ҳама солҳо ҷони садҳо фарзандони содиқу меҳанпарасташро аз даст додааст. Шукр, ки мо имрӯз давлати миллии худ – тифли ормонҳои гузаштагони худро дорем ва бо азму талоши мардуми ватандӯст онро аз сол ба соле бо меҳнати созандаву талошҳои хастанопазир ба ояндаи босаодат раҳнамун месозем. Вале ҳақиқати таърихӣ ва сабақе, ки дар оғози истиқлолияти ватанамон бардоштаем, нишон медиҳад, ки ҳифзи дастоварди истиқлол мушкилтар аст.
Дар ҷараёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аз сабаби сӯхтаву вайрон шудани корхонаҳо ва баъдан аз ҷониби ҷинояткорон ба ғорату тороҷ рафтани боқимондаи онҳо, ҳоли табоҳи иқтисоди ҷумҳуриро боз ҳам табоҳтар гардонд. Бар асари ҷанг 120 ҳазор биноҳои истиқоматӣ, марказҳои маъмурӣ, корхонаҳо, идораву кӯдакистонҳо ва мактабҳо вайрону валангор гаштанд. Ҷанг ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ хисорот овард.
Вале Ҳукумати нави Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари иҷрои вазифаҳои таъхирнопазири бунёди появу рукнҳои давлат, тавонист, ки ба татбиқи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ оғоз намояд. Шурӯъ аз соли 2000-ум, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ба кор бурдани тамоми имкониятҳои давлат ба бунёди якчанд иншооти барои пешрафти минбаъдаи мамлакат муҳим, аз ҷумлаи роҳҳои оҳану мошингард, истихроҷ ва истифодаи конҳои газ, бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, нақбҳо ва даҳҳо сохтмонҳоро оғоз намуда, ба анҷом расонд.
Ҳоло дар бахшҳои гуногуни иқтисоди мамлакат 56 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 8,2 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Дар тӯли даҳ соли охир зиёда аз 150 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шудааст. Дар тавсеаи саноат, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисодиёти мамлакат мебошад, то имрӯз барои таъмини рушди устувори он заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳоло 40 дарсади маҳсулот дар корхонаҳои хусусӣ истеҳсол мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои фаровони ашёи хом мавҷуданд. Дар минтақаҳои гуногуни кишвар зиёда аз 400 кон кашф шуда, 30 намуди ашёи хомро фаро мегирад. Бояд гуфт, ки мамлакати мо аз рӯи захираҳои оҳаксанг, санги хоро, мармар, оҳаксанги мармарӣ, гаҷ ва амсоли инҳо яке аз ҷойҳои аввалро ишғол карда, алҳол 5 корхонаи бузург ва хурди истеҳсоли семент, 67 корхонаи хишт, 46 корхонаи истеҳсоли қуму шағал, корхонаҳои коркарди санг, шишабарорӣ, шифербарорӣ ва истеҳсоли лӯлаҳои асбестӣ фаъолият доранд.
Дар пайвастагӣ бо сохтмон, ки робитаи маҳкам бо ободӣ ва бунёдкорӣ дорад, дар даврони истиқлолият дар минтақаҳои гуногуни кишвар 1700 км роҳҳои мошингард, 17 км нақб ва беш аз 100 пул бунёд ва бозсозӣ шуданд.
Метавон гуфт, ки ҳанӯз 26 сол пеш Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳон вуҷуд надошт ва чун вориди саҳна шуд, ҷаҳониён диданд, ки саропо дар оташ аст. Яқин мекарданд, ки Тоҷикистон ояндаи дурахшон нахоҳад дошт. Вале, кӯшишу заҳматҳои таъхирнопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватанамонро аз дохили оташ берун кашида, захмҳояшро марҳам кард ва дигарбора қобили нашъунамо сохт. Мо ин даст-оварди бузургамон – истиқлолиятро ба наслҳои оянда барои ҳифзу ҳиросати ҷовидон армуғон мебарем.

Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2017    №: 191    Мутолиа карданд: 461

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед