logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ДАРВОЗ

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Дар деҳаи Яхчисори Ҷамоати деҳоти Нулванд сокинони меҳнатқарини вилоят Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббат ва ихлосу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз дар ҷараёни ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим иштирок намуда, бо сокинони ноҳия суҳбату мулоқотҳои самимӣ анҷом доданд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Шкев - Қалъаихумб оғози расмӣ бахшиданд.
Қитъаи Шкев - Қалъаихумб дар идомаи роҳи мошингарди Шоҳон-Шӯрообод бунёд гардида, дар асоси марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ мегардад. Дарозии қитъаи роҳи автомобилгарди Шкев - Қалъаихумб 26 километр буда, он тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва барои хизматрасонӣ дар давоми солҳои зиёд пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки дар асоси лоиҳаи таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди Шкев - Қалъаихумб сохтмони як адад пул бо дарозии 22 метр ва дар мавзеи хавфноку мушкилгузар бунёди нақб ба масофаи 330 метр ба нақша гирифта шудааст.
Маблағгузории лоиҳаи роҳи мошингард дар масофаи 26 километр бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки исломии рушд, Фонди саудии рушд, Фонди кувайтии рушди иқтисодии араб, Фонди ОПЕК ва Фонди Абу Дабӣ амалӣ мегардад.
Солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ сурат мегирифт. Дар фасли зимистон давоми панҷ - шаш моҳ роҳ баста шуда, рафтуомад ба маркази вилоят пурра қатъ мегардид.
Ҳанӯз 20 сол пеш, соли 1997, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои сафар ба ВМКБ аз ин қитъаи роҳ дидан карда буданд. Сарвари давлат ҳамон вақт бо нақлиёти боркаш роҳи мушкилгузару пурхатарро убур карда, барои сохтмони он камар бастанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинон таъкид дошта буданд, ки номи ин мавзеъ аз Девдара ба Гулдара табдил дода шавад. Имрӯз дар ҳақиқат ин нияти неки Пешвои миллат ва мардуми меҳнатқарини вилоят ба ҳақиқат табдил ёфта, Девдара ба Гулдараи воқеӣ мубаддал шудааст.
Бунёду навсозии роҳи аҳамияти байналмилалидошта бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд.
Ҳамзамон, молу маҳсулот аз дохил ба хориҷи кишвар интиқол дода шуда, аз дигар давлатҳо ба Тоҷикистон низ ворид карда мешавад, ки дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи воқеӣ мегузорад.
Тибқи лоиҳа ва инфрасохтори зарурӣ дар роҳи автомобилгарди қитъаи Шкев - Қалъаихумб бунёди лӯлаҳои обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ, такядеворҳо, воситаҳои иҳотакунанда, хатҳои уфуқӣ, аломатҳои роҳ ва ғайра ба инобат гирифта шуда, барои бунёди роҳи автомобилгард бештар аз 46 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардидааст. Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Шкев - Қалъаихумб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ба масъулон ва роҳсозон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз
Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Дарвоз ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимӣ ва риояи суннати хоси меҳмоннавозӣ ба мардуми ҷамъомада изҳори сипос намуда, ба ҳамаи онҳо барои ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳои арзанда доданд.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати пешрафти ноҳия ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2015 - 2019 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 217 лоиҳа ба маблағи 197 миллион сомонӣ татбиқ карда мешавад. Танҳо дар ду соли охир аз буҷети давлатӣ барои таъмин намудани фаъолияти бомароми соҳаҳои гуногуни ноҳия қариб 70 миллион сомонӣ равона гардида, дар се соли оянда боз зиёда аз 85 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти роҳсозӣ, пешрафти соҳаи энергетикаю саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, илму маориф, фарҳанг, сайёҳию инфрасохтори он, истихроҷу коркарди маъдан ва сангҳои қиматбаҳо, рушди бахши тандурустӣ  ва ғайра, ки баҳри беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми ин минтақа равона гардидааст, андеша ронданд.
Сарвари давлат зикр карданд, ки соли ҷорӣ ҳангоми фаромадани сел маҷрои дарёи Панҷ баста шуда, ба манзилҳои зисти сокинони деҳоти Хоставу Ширговат ва инфрасохтори роҳ хисороти калон расида, 1200 метри роҳи байналмилалӣ зери об монд.  Вале бо андешидани тадбирҳои фаврӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар оқибати офати табиӣ дар муддати хеле кӯтоҳ бартараф гардида, имрӯз 21 оилае, ки манзили зисташон хароб шуда буд, дар мавзеи Яхчисор бо хонаҳои навбунёд таъмин гардиданд ва ҳаракати мунтазами нақлиёт низ ба роҳ монда шуд.
Дар охири суханронии хеш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ бобати ислоҳи баъзе камбудиҳо, ки барои пешравии бахшҳо монеа эҷод мекунанд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлат намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, вобаста ба дастовардҳои замони муосир, мукаммал кардани қонунҳои миллии кишвар, талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии воқеан шоиста ҳарф заданд. Онҳо ба Президенти мамлакат барои тадбирҳои созанда ва ғамхориҳои башардӯстона изҳори сипос намуданд.

Хонаҳои навбунёд барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида
Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба хотири шиносоӣ бо дастовардҳои заҳматкашон, оғози корҳои бунёдӣ ва ба истифода додани хонаҳои навбунёд сурат гирифт, бори дигар умеду боварии сокинони вилоятро ба ояндаи дурахшони Ватани азизамон тақвият бахшид.
Дар ин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Яхчисори Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз хонаҳои навбунёд, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардидаанд, дар фазои тантанавӣ ба истифода дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8 июли соли 2017 дар натиҷаи боришоти зиёд аз қисмати рости дарёи  Панҷ селу ярч фаромада, маҷрои об пурра банд гардид. Дар натиҷаи офати табиӣ дар деҳаи Хос-тав ва се хонаи истиқоматии сокинон дар деҳаи Ширговад, яъне дар маҷмӯъ 21 хонаводаи деҳоти Нулванд пурра ва қисман зарар диданд. Аҳолии зарардида сари вақт ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуда, садди ба вуҷудомада дар дарёи Панҷ дар муддати кӯтоҳ бартараф гардид.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оилаҳои зарардида, сари вақт ёрӣ расонда шуда, барои бунёди манзили зист маҳсулоти сохтмонӣ дастрас карда шуд.
Бо мақсади муҳайёсозии шароити мувофиқи зист бо дастгириву ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи хушманзараи Яхчисор давоми як моҳ бо харҷи бештар аз 4 миллиону 930 ҳазор сомонӣ 21 хонаи замонавӣ бунёд карда шуд. Дар ин мавзеъ барои фарзандони оилаҳои зарардида як мактаб ва барои таъмини сиҳатии аҳолӣ бунгоҳи тиббӣ сохта шуданд. Дар ин рӯз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳаллаи навбунёд аз ҷониби мардуми ноҳия ва вилоят бо ифтихор ва самимияту муҳаббати зиёд истиқбол гардид.
Аснои супурдани калидҳои хонаҳои навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон суҳбати самимӣ намуда, бо чунин тадбири наку рӯҳияи мардумро болида ва боварии онҳоро бори дигар ба ояндаи неку дурахшон қавӣ намуданд.
Дар ин рӯз сокинон бо самимияти баланд, ки нишонаи возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлат мебошад, бо сипосу таманниёти зиёд фазои фараҳафзоро ба вуҷуд оварданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман калиди хонаҳои нави истиқоматиро ба соҳибмулкон тақдим намуданд.
Бинои хонаҳои истиқоматӣ якошёна буда, ҳар яке дорои чор ҳуҷраи алоҳидаи зист аст. Хонаҳои истиқоматӣ дар асоси талаботи муосири шаҳрсозӣ дар муддати  кӯтоҳ бо шакл ва сифати баланд қомат афрохтаанд. Тибқи дастуру супоришҳои мушаххаси Роҳбари давлат дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ имконоти фароғат ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҳайё шудаанд. Аснои боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон мароқ зоҳир намуда, барои анҷоми босуръат ва босифати баланди корҳо ба сохтмончиён арзи сипос  намуданд.
Маҳаллаи нави аҳолинишин дар масоҳати умумии 4 гектар бунёд гардида, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла роҳу шабакаи обрасонӣ ва хати барқ таъмин карда шудаанд.
Дар маҳаллаи навбунёд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби нав – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54 ба истифода дода шуд. Муассисаи таълимӣ бо харҷи бештар аз 800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар ду баст барои 300 нафар пешбинӣ шудааст. Фармоишгари лоиҳа Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҷониби ҶДММ «Ноқилсохтмон» - и шаҳри Душанбе дар давоми бештар аз як моҳ амалӣ шудааст. Мактаб 6 синфхона, кабинети компютерӣ бо таҷҳизоти муосир ва анборхона дорад.
Дар маҳаллаи нав бунгоҳи муосири тиббии  муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти табобатӣ низ сохта шуд. Бунгоҳ талаботи аҳолии маҳаллаи навбунёд ва гирду атрофи онро бо хизматрасониҳои тиббии муосир таъмин менамояд.
Дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ ва бунгоҳи солимгардонӣ наздики 20 ҷойи корӣ фароҳам гардид.
Баъди ифтитоҳи мактабу бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи нави аҳолинишин дар мавзеи Яхчисори Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони маҳаллаи нав суҳбати самимӣ намуда, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳо, хосса фароҳамсозии шароити арзандаи зист андешаронӣ намуданд. Сокинони маҳаллӣ дар навбати худ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои дастии ноҳияи Дарвоз
Дар доираи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истироҳатгоҳи "Чорчаман"- и ноҳияи Дарвоз намоишгоҳи кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои дастиро тамошо карданд.
Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки  расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуда буданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари волои занону духтарони ин ноҳияи дурдасти мамлакатро, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши нозукиҳои ин ҳунар ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд. Занони соҳибҳунари ноҳияи Дарвоз дар намоишгоҳи кишоварзӣ ҷараёни ба даст овардани равғани маска ва дигар анвои маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю босифатро ба намоиш гузошта буданд.
Самти асосии соҳаи кишоварзии Дарвоз рустанипарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва боғдорӣ буда, дар ин ноҳия имрӯз 522 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 15 хоҷагии деҳқонӣ бо фарогирии 1472 хоҷагӣ ва 1 кооперативи истеҳсолӣ - зотпарварии Сағирдашт фаъолият доранд.
Як гӯшаи намоишгоҳро маҳсулоти гуногуни ширӣ, нонӣ, қаннодӣ ва дастранҷи барзгарону боғдорон ва занбӯриасалпарварон оро медод. Президенти мамлакат зимни боздид аз намоишгоҳ ба ҳунару талоши заҳматкашон барои саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти худӣ баҳои баланд дода, бо мақсади рушд бахшидани соҳаи кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, махсусан ривоҷу равнақи қолинбофии дастӣ  ва занбӯриасалпарварӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки обу ҳавои минтақа барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ мувофиқ буда, заҳматкашон ҳамасола бо афзун намудани шумораи оилаҳои он даҳҳо тонна асали аз ҷиҳати экологӣ тозаю серғизо ба даст меоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки агар шумораи оилаҳои занбӯри асал дар соли 2016 дар ноҳияи Дарвоз  4018 ададро ташкил медод, пас ин нишондиҳанда дар соли равон ба 4060 оила расонда шудааст ва ба ҳолати имрӯза 35 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки ба ҳар як оилаи занбӯри асал 12 килограмм рост меояд. Маҳсулоти тару тозаи кишоварзони ноҳияи Дарвоз, ки  дар растаҳо ба намоиш гузошта шуда буд, аз рушди муттасили ин соҳа ва заҳмати шабонарӯзии аҳли ин минтақаи дурдасти кишвар шаҳодат медод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кишоварзону хоҷагидорон барои самаранок истифода намудани ҳар як қитъа замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида маслиҳатҳои муфид доданд.
Зикр гардид, ки соли равон дар ноҳияи Дарвоз аз нақшаи пешбинигардида 2 гектар зиёд боғи нав бунёд ва 19 гектар боғоти куҳна барқарор карда шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз  маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳия, аз ҷумла "Карон мармар", "Карон гавҳарнигор" ва маҳсули дасти занону духтарони корхонаи дӯзандагии "Меҳри модар", ки дар ин намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буданд, дидан намуда, бо ҳунари табақтарошию кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои дастии мардуми ин минтақаи дурдасти мамлакат шинос  гардиданд. Занону духтарони чирадасти корхонаи дӯзандагии "Меҳри модар" дар намоишгоҳ намунаи офаридаҳои худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуданд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 1386

22.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Владимир Воронков

Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ

Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Тоҷикистон аз шаҳраки саноатӣ

Ҳамлаи хунин ба меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул

Хазинаи байналмилалии асъор: «Иқтисоди Русия рӯ ба болоравист»

«Ҷабҳат ан – Нусра» дар Идлиб ба муҳосира гирифта шуд

Ба ҳадди рекордӣ расидани пасандози русиягиҳо

Дар Шведсия бокси ҳирфаиро эҳтимол манъ созанд

18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед