logo

Хабарҳо

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии World Food Moskov

Тоҷикистон бори сеюм ширкаткунандаи Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизоӣ - World Food Moskov гардид.
Намоишгоҳ 11 сентябр дар Маҷмааи марказии намоишгоҳии «Экспосентр» - и шаҳри Маскави Федератсияи Русия расман ифтитоҳ ёфт.

Тавре аз маркази матбуоти Палатаи савдою саноати кишвар ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, дар ин намоишгоҳ 7 ширкат - «Зардолу ва К», «Авру Осиё - 2005», «Водии мева», «ОРО Исфара», «Экофрукт», «Висол Исфара» ва «Голден фрукт» таҳти лавҳаи умумии «Made in Tajikistan» молу маҳсулоти Тоҷикистонро рӯнамоӣ мекунанд. Номгӯйи молҳои истеҳсоли Тоҷикистон мева, сабзавот ва сабзаҷоти тару тоза, меваҳои хушк, маҳсулоти консервашуда, обҳои минералӣ ва ташнашикан, шарбату нӯшобаҳо ва донагиҳоро фаро  мегирад. Ширкатҳо мавзеъҳои ҷойгиршавӣ (павилйонҳо) ва молҳои содиротии истеҳсолашонро хуб ороиш додаанд. Намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон мақсад доранд, аз имконоти рӯнамоии маҳсулот  хуб истифода намуда, ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолии шаҳру вилояти Маскав, минтақаҳои дигари Федератсияи Русия ва кишварҳои хориҷии наздику дур  шартномаҳои корӣ ба имзо расонанд ва дар бозорҳои байналмилалӣ мавқеъ пайдо намоянд. Дар намоишгоҳи World Food Moskov», ки бори 26 – ум ифтитоҳ ёфт, аз Русия ва 64 кишвари ҷаҳон беш аз 1500 ширкат маҳсулоти ғизоии худро ба намоиш гузоштаанд. Чун анъана дар доираи намоишгоҳ озмуни «World Food Moskov» «Маҳсулоти беҳтарини сол» баргузор мешавад.

С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 96

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед