logo

сиёсат

ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ: "ҚОНУН ДАР РОҲИ ОЗОДСОЗИИ МАРДУМ АЗ ХУРОФОТ ХИЗМАТИ АРЗАНДА КАРД"

Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо  сокинони ноҳияи Рашт 11 сентябри соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи  коллеҷи омӯзгорӣ баргузор гардид.

- Бо камоли эҳтиром ва ифтихор самимитарин саломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шумо, сокинони заҳматқарину ватандӯсти ноҳияи Рашт, мерасонам, - гуфт дар оғоз Шукурҷон Зуҳуров.  - Мулоқоти мо дар замоне сурат мегирад, ки ду рӯз пеш мардуми кишвар солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифт. Ман ин рӯзро барои ҳамаи шумо табрик мегӯям. Даҳ  рӯз пештар мо дар саросари мамлакат иди Қурбонро  мутобиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки, бешубҳа, ҳама ба нафъи мардуманд,  таҷлил намудем ва хабар дорам, ки сокинони ноҳия рӯзи ид аз доираи қонун берун нарафтаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  яке аз ташаббусҳои нодири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳанӯз даҳ сол муқаддам ба ислоҳоти вазъи  маънавии ҷомеа оғоз бахшид. Қонун ислоҳоти ҳаёти иҷтимоӣ ва тартиби гузарондани ҷашну маросимҳои мардумиро масъалагузорӣ намуда, дар кори озодсозии мардум аз хурофот ва одатҳои вазнин хизматҳои арзанда кард. Қобили зикр аст, ки қонун мутобиқ ба муқаррароти дини мубини Ислом ва фарҳанги миллӣ буда, дар доираи арзишҳои пурғановати ниёгонамон тарҳрезӣ шудааст. Амри воқеист, ки ҳар як қонун ё санади меъёрии ҳуқуқии ба ҳаёт пайванд бо мурури замон ба тағйирот ва иловаҳо ниёз пайдо мекунад. Ғояти зарурати тағйирот талабу дархостҳои шаҳрвандони кишвар ва ҳанӯз боқӣ мондани маросимҳои азодории серодам ва тӯйҳои серхароҷоту бемаврид ба хотири худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ  мебошад, ки ба фарҳанги миллӣ ва табиати асили дини мубини Ислом номутобиқ ҳастанд. Бо пешниҳоди Президенти мамлакат гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода шуд. Дар асоси дархосту пешниҳоди шаҳрвандон тағйироту иловаҳо ба қонун  ворид гардиданд. Мо, вакилон, баъди баррасии ҳамаҷониба барои қабули ин санади бениҳоят муҳими меъёрии ҳуқуқӣ овоз додем. Бовар дорам, ки мо бо ин иқдоми худ як амали бузурги таърихиро дар раванди қонунгузорӣ иҷро намудем, ки он барои беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии ҳар сокини кишвари азизамон ҷиҳати ҳифз кардани ҷашну маросимҳои миллӣ аз хурофот ва мутобиқ ба манфиатҳои халқамон гиромӣ доштани урфу одатҳо нигаронда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  такмили қонуни амалкунанда таҳия шудааст. Ба қонун як қатор меъёрҳои нав ворид карда шудаанд, ки барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон оростани дастархони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост. Дар қонун тартиби нави гузарондани хатнасур пешниҳод  гардидааст. Мувофиқи он хатнасур дар доираи оила ва бе хизмати санъаткорон гузаронда мешавад. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуд то рӯзи бистуми баъди таваллуд ройгон дар беморхонаҳо сурат мегирад. Дар ин маврид таҷрибаи давлатҳои пешқадам ба назар гиирифта шудааст.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд. Тартиби гузарондани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд..
Маросимҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом мегузаранд. Ин ҷо як масъалаи нозук аст. Бояд коре кард, ки шахси мусибатдор зери бори хиҷолат намонад. Зеро то имрӯз бо иҷозаи қонун дар ин маросимҳо чорво забҳ карда мешуд ва мардумро ба маърака даъват менамуданд. Акнун қоидаҳои гузарондани маъракаҳои азодориро тартиб доданамон лозим. Дар ин маврид саҳми аҳли уламо, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул калон аст. Онҳо бояд аниқ кунанд, ки кадом рӯз «се», «чил» ва «сол» гузаронда шавад ва ҳамон рӯз мардумро гирифта ба хонаи шахси мусибатзада баранд ва дар якҷоягӣ дуову фотеҳа кунанд. Он гоҳ шахси азодор ҳис мекунад, ки маърака бе харҷи зиёдатӣ бо иштироки мардуми зиёд гузаронда шуд.
 Ман бовар дорам, ки сокинони ноҳияи Рашт барои дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Дар ҳамоиш собиқадори меҳнат  Сафарбек Каримов,  сарвари ҷавонони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Шамсиддин Шарифов ва донишҷӯ Шамсия Абдураззоқова дар баромадҳояшон таъкид карданд, ки сокинони ноҳияи Рашт барои дар амал татбиқ намудани  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон талош менамоянд.

Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2017    №: 195    Мутолиа карданд: 498

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед