logo

Хабарҳо

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

Дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ашқобод зӯрозмоиҳо дар 5 – умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида оид ба 15 намуди варзиш ва ҳунарҳои размӣ идома доранд. Кишвари моро дар ин мусобиқот 126 варзишгар намояндагӣ мекунад.
Дар чаҳор рӯзи зӯрозмоиҳо варзишгарони Тоҷикистон як медали нуқра, 13 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар намуди ҷиу – ҷитсу ду ҷуфти варзишгарон Фирдавс Шарипов – Фирдавс Абдуманнонов (миёни мардон) ва Нигора Юсуповаю Фирдавс Абдуманнонов (ҷуфти омехта) ба дарёфти мақоми сеюм мушарраф гаштанд.
Дар зӯрозмоиҳо оид ба гӯштии камарбандӣ ва тарзи классикӣ паҳлавонон Самандар Эрназаров, Фаридун Қурбонов, Наврӯззода Анушервон, Абдураҳмон Маматқулов, Ҳасан Ёриев, Маҳмуд Миров,  Оятулло Хоҷаев, Эркинбек Абдунабиев ва Алибердизода Ибодулло дар вазнҳои хеш сазовори медали биринҷӣ  шуданд. Бояд гуфт, ки  Абдураҳмон Маматқулов ва Самандар Эрназаров дар ду намуди гӯштии фавқуззикр медали биринҷиро соҳиб гаштанд.
Алҳол дастоварди баландтарини варзишгарони мо дар мусобиқоти мазкур медали нуқраи бадастовардаи таэквандогар (WTF) Манучеҳр Неъматов маҳсуб мегардад. Ӯ бар варзишгарон Хионгин Оуянг (Чин), Ҷенар Ториллосро (Филиппин), Айтуар Шайкенов (Қазоқистон) ғолиб омада, дар финал аз таэквандогари Эрон Маҳдӣ Эҳсонӣ шикаст хӯрд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 151

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед