logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018 - 2028, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 19 сентябри соли 2017

Ҷанобони олӣ, роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар оғоз ҳамаи ҳозиринро дар ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфта, барои ширкат дар он арзи сипос менамоям. Умедворам, ки мубоҳисаҳои имрӯза дар тақвият бахшидани кӯшишҳои муштараки мо ба хотири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018 - 2028 саҳми арзишманд хоҳанд гардид.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба Дабири кулл  ва  сохторҳои марбутаи Созмони Милал, инчунин,   ба ҳамаи “дӯстони об”, ки ҷиҳати пешбурди қарордодҳои Маҷмааи умумӣ дар соҳаи об пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, миннатдории хешро изҳор менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Таҷрибаи андӯхтаи мо дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", солҳои 2005 - 2015 собит кард, ки ин қабил даҳсолаҳо метавонанд ҷиҳати мусоидат ба татбиқи вазифаю ҳадафҳо дар соҳаи рушд василаи басо судманд бошанд.
Бинобар ин, зимни пешниҳоди ташаббуси худ оид ба даҳсолаи навбатӣ мо дар назар доштем, ки дар рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 аҳдофи марбут ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои бениҳоят муҳиму фарогирро мегузорад ва татбиқи онҳо андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд.
Итминон  дорем, ки татбиқи ин аҳдофу вазифаҳо танҳо дар сурати вусъат ёфтани ҳамкорӣ ва сафарбар намудани захираҳои зарурӣ – инсонӣ, молиявӣ ва фаннӣ – имконпазир мебошад.
Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!
Масоили рушд ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об тайи чандин сол аст, ки дар ҳошияи Созмони Милал  мавриди баррасӣ қарор доранд.
Саъю талошҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Милал ва дигар ташкилоту ниҳодҳо, ки тайи ин давраи чилсола ҷой доштанд, барои вусъатбахшии раванди дастрасӣ ба оби ошомидании бехатар, густариши донишу малака дар соҳаи мудирияти фарогири захираҳои об, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи об, ташаккули дидгоҳу заминаҳои нав барои баррасии мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавии марбут ба захираҳои об мусоидат карданд. Ҳарчанд ки пешрафт дар ин ҷода назаррас аст, вале мо дар сафарбаркунии захираҳои лозима ба хотири ҳалли саривақтии мушкилоти вобаста ба захираҳои об ҳоло ҳам қафо мондаем.
Зимнан, дар ин самт мо дар навбати аввал бояд тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем. Зиёда аз ин, мо бояд омилҳои зеринро, ки майдони ҳамкориҳои минбаъдаи моро маҳдуд мекунанд, ба инобат гирем.
Нахуст, тағйирёбии глобалии иқлим, ки ба захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад, саъю кӯшишҳои моро ҷиҳати ноилшавӣ ба рушди устувор заиф мегардонад. Тайи солҳои охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи муҳими захираҳои оби минтақа мебошанд, ба андозаи сеяк кам шудааст ва аз 13 ҳазор пирях қариб як ҳазораш тамоман завол ёфтааст.
Дар Тоҷикистон тайи солҳои охир шумораи офатҳои табиии марбут ба об афзоиш ёфтаанд. Чунин падидаҳо, ба мисли обхезӣ, селу ярчу тармафароӣ ҳамасола ба иқтисодиёт ва аҳолии кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд. Тайи 5 - 6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст. Дар ин давра бар асари офатҳои табиӣ тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз сад ҳазор нафар таҳти хатар монд ва маблағи умумии талафот аз 600 миллион доллари ИМА зиёд гардид.
Дуюм, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ниёзи он ба оби ошомиданӣ мушкилоти нав ва душвориҳои иловагиро эҷод мекунад. Дар ҷаҳон талабот ба об  бемайлон меафзояд, ки ин боиси ташаннуҷи робитаҳои байни соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт шуда, рақобатро барои захираҳои об дар шароити вусъати камобӣ шадидтар мегардонад.
Сеюм,  ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об унсури калидӣ дар роҳи ноилшавӣ ба рушди устувор аст.
Ба назари мо, ҳамкории самараноки фаромарзӣ метавонад ба мудирият ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об мусоидат намуда, боиси коҳиши хатари хароҷоти беасос ва таъмини тавозун байни шаклу навъҳои гуногуни истифодаи захираҳои об шавад.
Чаҳорум, мо бояд паҳлуҳои гуногуни гендерии ҷараёни гузаришро ба мудирият ва истифодаи оқилонаю устувори захираҳои об ба инобат гирем.
Дар поёни сухани худ ба таваҷҷуҳи ҳозирин мерасонам, ки Тоҷикистон ба сифати кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ният дорад, ки ҷиҳати таъмини ҳамоҳангии фаъолият дар татбиқи он маркази махсусро таъсис диҳад.
Ғайр аз ин, мо нақшаи миллии амалро ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ таҳия кардем ва мутобиқи он пешниҳод менамоем, ки дар ин мавзӯъ дар соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ даъват карда шавад.
Мо умедворем, ки шарикони мо, пеш аз ҳама, кишварҳои аъзои Созмони Милал ва сохторҳои марбутаи он, Дабири кулл, ҳамчунин, дигар ташкилоту ниҳодҳо иқдомҳои мазкурро пуштибонӣ хоҳанд кард.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2017    №: 198    Мутолиа карданд: 1522

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед