logo

сиёсат

МАКТАБ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳамаи давру замон мардуми олам дар пайравии  сарварони худ, ки эшон раҳкушову раҳнамо маҳсуб мешуданд, зиндагӣ мекарданд ва бо дастури онҳо ҳаёташонро хуш мегузаронданду мушкилоти рӯзмарраи хешро бартараф менамуданд. Дар марҳалаҳои муҳим ва тақдирсози ин ё он қавму миллат,  пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳиму афзалиятноки ҷомеа: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, маънавият, фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ, шуғлнокӣ, таъмини ҳуқуқ, адолат ва амсоли инҳо маҳз аз сарварону пешвоёни одилу хирадманд вобастагӣ дошт.
Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки сарвар ва пешво будан на ба ҳар кас даст медиҳад ва на ҳар роҳбар метавонад сазовори боварии аҳли ҷомеа гардад. Ба қавли Ҳофиз:
На ҳар кӣ тарҳи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулоҳдориву оини сарварӣ донад.

Зеро сарварӣ масъулияти баланд ва санъати худододи идоракуниро талаб менамояд. Ҳар инсон чун ҷузъи ҷомеа марҳала ба марҳала ташаккул меёбад ва вобаста ба муносибату сатҳи тафаккур ва қобилияти баланди ташкилию эҷодӣ ва корбарӣ байни халқ обрӯю нуфуз пайдо мекунад. Яке аз аввалин талаботи сарварӣ ин манфиатҳои шахсиро сарфи назар карда,  манфиати ҷомеаро муқаддам шумурдан аст.
Абуалӣ ибни Сино ба сарвар (шоҳ) чор сифат: далерӣ, адл, ҳусни тадбир ва дош-тани хирадро муҳим мешуморад. Сарвари хирадманду дурандеш ва далеру дорои иродаи мустаҳкам ҷомеаро аз ҳама гуна хавфу хатарҳо, ақидаҳои бегона, зулму ноадолатӣ ва дигар бесарусомониҳо эмин нигоҳ дош-та, ҳадафи худро барои пойдории дӯстиву рафоқат, маърифатнокии мардум, таъмини шароити мусоиди корӣ, кафолати ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо, беҳбудии сатҳи зиндагӣ ва рушди босуботи ҷомеа равона менамояд.
Таърихи воқеаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ва бартараф кардани душвориҳои зиёди зиндагии мардум собит кард, ки Пешвои миллати мо аз он сарвароне мебошанд, ки ҳастии хешро барои мардум ва зиндагии шоистаи ӯ бахшидаанд.
Хидмати бузурги Сарвари муаззам дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии сулҳ, мустаҳкам намудани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегӣ ва амсоли инҳо беназир буда, сиёсати пешгирифтаи ӯ дар тарбияи ватандӯстию хештаншиносӣ, маънавию ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, эстетикӣ, илмӣ, ҳаёти солим ва ғайраҳо басо нақши муҳим бозидааст. Ҳар як тадбири Пешвои миллат ба ҷавонон дарси ҳаёт, ифтихор ва дӯст доштани Ватанро талқин намуда, намунаи ибрати мардонагӣ, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзад. Дар ин раванд муаррифӣ ва тарғиби асарҳои эҷоднамудаи эшон барои азхуд намудани таърихи гузаштаву имрӯза, дарку ворид шудани ҷавонон ба набзи ҳаёт ва ояндабинии давлату миллат мусоидат менамояд. Нақши бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарғиби дастовардҳои нодири он дар тарбияи ҷавонони мамлакат бетаъсир нахоҳад буд. Хидматҳои ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чанд қисмат метавон ба тариқи зайл иброз намуд:
Якум. Худованд бар сари халқи Тоҷикистон сарвареро ҳадя сохт, ки мақсаду маром ва даъвати асосиву доимиаш танҳо ваҳдату ягонагӣ буда, тавонист, барои сарҷамъии мардуми парешони халқи тоҷик мубориза барад ва бо ин васила, ба сӯи муваффақиятҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ роҳ кушояд. Зеро дар кадом давлату миллате, ки сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор бошад, он кишвар рӯ ба рушд мениҳад. Ин аст, ки мафҳумҳои дӯстиву рафоқат вуҷуди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифтааст.
Дуюм. Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги гузаштаи тоҷиконро зинда сохта, куҳантарин будани давлатдории ин миллати тамаддунофарро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Ин ҷо метавон хидмати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо кору фаъолияти ҳазор сол қабл, яъне давраи Исмоили Сомонӣ ҳамчун оина ва инъикоскунанда рӯ ба рӯ гузошт. Аён аст, ки Исмоили Сомонӣ тавонистааст, ки давлати Сомониёнро аз ҳуҷуми аҷнабиён девор шавад, давлати ҳақиқатан миллӣ созад ва ба маънои томаш даврони тиллоии давлатдории тоҷикон гардад. Бузургии Исмоили Сомонӣ низ дар он зоҳир мешуд, ки ӯ ба ҷангу ҷидолҳои дохилӣ хотима дода, бо халифаҳои араб мадоро намуд ва давлати миллӣ ва мутамаркази тоҷиконро ташкил дод.
Метавон гуфт, ки пас аз 1100 сол эъмори давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёт татбиқ намуд.
Сеюм. Мақсаду ҳадафи асосии фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз Иҷлосияи  ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992) то ба имрӯз барпо намудани сулҳ, ваҳдат ва якдилию якпорчагии Тоҷикистон буд. Ин ҳадафу ғояи асосӣ сармашқи ҳар сухану фаъолияти ҳадафҳои дурбинонаи давлату Ҳукумат гардид. Эмомалӣ Раҳмон ноил шудан ба дастовардҳо ва фароҳамии роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти халқро маҳз аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб донистаанд. Зеро, тақдири миллати тоҷик дар ҳамин иҷлосия ҳал гардида, дар ҳамин ҷаласа аввалин сухан, аввалин ҳадаф ва аввалин қадам ба сӯи сулҳ, оромӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон гуфтаву гузошта шуданд. Сарвари давлат таъкид карда буданд: «Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ ҷумҳурии моро аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ бароварда метавонад».
Чорум. Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон қавлу суханашонро дар амал татбиқ намуда, бо ин амал сазовори боварии омма гардиданд. Аз зери тиру туфанг гузашта ба назди мардум рафтанд ва онҳоро ба муттаҳидию ободкорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар даъват намуданд. Ҳамчун намунаи ибрати ифтихории ҷомеа дар назди вакилони мардумӣ ва сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадафи асосии худро устуворона ва дурбинона аз минбари баланди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, таъкид сохтанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Дар ин лаҳзаҳо на ҳар кас ҷуръати сухану татбиқи амал мекард. Зеро пайдо намудани фазои солиму созанда байни минтақаҳои гуногуни кишвар низ дар мадди аввал меистод ва масоили дигар пас аз он.
Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем.
Панҷум. Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз муроҷиатномаҳои аввали солҳои истиқлолият иброз намуда буданд: «Мо ба илму маорифу фарҳанги ҳозиразамон, ки мояи ифтихори халқ бошаду мардум аз самараҳои онҳо бархӯрдор буда тавонад, сахт эҳтиёҷ дорем».
Заҳмату талошҳо ва чандин тадбирҳои муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро метавон барои расидан ба ваҳдати комили миллӣ, решакан намудани ақидаҳои бегонапарастӣ, маҳалгароӣ, зӯроварӣ, хусумат, пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷомеа, тарғиби ҳаёти солим ва чандин масъалаҳои дигарро арзёбӣ намуд. Барои расидан ба ин мақсад рӯ ба илму маърифат овардем. Аз 13 ба 39 адад расидани муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва аз 70 ҳазор ба 170 ҳазор нафар афзудани теъдоди муҳассилини донишгоҳҳо, ки фоизи зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, маҳсули тадбирҳои амалишудаи давлати мо маҳсуб меёбад.
Шашум. Таърих ва таҷрибаи ҳаётӣ исбот намуданд, ки мақсаду андешаҳои сулҳҷӯёна ва ҷон бар каф гирифтани Президенти кишвар ба ҳар оила, ҷомеа ва Тоҷикистон фазои сулҳу амониро ҳадя сохт. Самараи расидан ба ваҳдати миллӣ аз қабули қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр гаштани шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, таҳия ва қабул гардидани қонунҳои конститутсионӣ ва соҳавӣ дар Тоҷикистон, таъмини адолати судӣ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ба фаъолият шурӯъ намудани парламенти касбӣ, бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон, таъсису таҷдиди вазорату идораҳои давлатӣ, фаъолияти мустаҳками онҳо, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва дигар дастовардҳои даврони истиқлолият зоҳир мегардад, ки дар тарбияи ҷавонон аз манфиат холӣ нест.
Ҳафтум. Сарвари давлат барои пешгирӣ намудани ҷомеа аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва гирифтани роҳи хунрезию ҷангҳои бародаркуш роҳи сулҳу салоҳро пеш гирифтанд ва барои ба имзо расондани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҷонбозиҳо карданд.  Барои ҷомеа дари масоҷидро боз намуданд, то ки ҳар як шаҳрванд ибодати худро ба ҷо оварда, аз рафтори каҷ ба роҳи рост ҳидоят гардад. Президенти кишвар дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа чунин таъкид намуданд: «Рисолати таърихии дин ваҳдат аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».
Ҳаштум. Пешвои миллат ба ҳамаи ташкилоту созмонҳои давлатию ҷамъиятие, ки мақсаду ҳадафи онҳо ваҳдату ягонагист, барои ҳамкориву ҷонибдории сиёсати давлат имконият фароҳам оварданд, то ки ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон пойдор гардад. Инак, ташкилоти бонуфузи ҷавонон - Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки шиораш «Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон» аст, фаъолият мебарад. Инчунин, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил ёфт. Ин ду ташкилоти ҷамъиятии бонуфуз ва дигар созмонҳое, ки ҳадафи онҳо таҳкими ваҳдати миллӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад, фаъолияти густурда доранд. Ҳамаи онҳо ва тарғиби дастовардҳои бавуҷудомада низ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ нақши муҳим мебозанд.
Нуҳум. Пешгирии низоъҳои шаҳрвандӣ, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар: маориф, фарҳанг, тандурустӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва суръати баланди ободониву созандагӣ дар кишвар маҳз аз «Сулҳ» - у «Ваҳдат» маншаъ гирифтаанд. Ин неъматҳои бузургро бояд қадру ҳифз кард ва ба наслҳои оянда тарғиб намуд.
Имрӯз, хушбахтона, Тоҷикистонро беш аз 150 давлати ҷаҳон мешиносад, Истиқлолияти давлатии кишвари моро расман эътироф кардааст ва робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад.
Даҳум. Бо назардошти ҳамаи хизматҳои бузурги шоиста, рушди соҳибистиқлолии кишвар, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷонибдории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонҳои «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сазовор гардиданд. 
Пешвои миллат имрӯз ҳамчун рамзи саодату сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, раҳнамои беамсоли  фардои ободи миллату давлат ҷойгоҳи хосса доранд ва қарзи ватандории мардум аст, ки дар пайравии ин фарди наҷиб амалҳоеро ба роҳ монанд, ки Тоҷикистон ба кишвари мутараққӣ ва пешрави ҷаҳон табдил ёбад.
Фаридун ҲОДИБОЕВ, 
номзади илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2017    №: 202    Мутолиа карданд: 833

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед