logo

номаҳо

АЗИЗИ ДИЛУ ДИДАИ МОСТ

Воқеан  ҳам,  табибоне,  ки барои  дармонбахшии  мизоҷонашон   аз  таҳти  дил   заҳмат  мекашанд,  ба савганди  касбии  хеш  содиқанд, ҳамеша  азизи  дилу  дидаи  беморанд. Манижа,  духтури  асабшиносии  Маркази миллии  тиббии Тоҷикистон,  аз  зумраи  чунин  табибон  мебошад.
Тавассути мутолиаи  шабонарӯзӣ набзи ин риштаи дармонпизишкиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва таҷрибаи пешқадами бадастовардаи олимони соҳа хеле  хуб омӯхта, дар таҷрибаи кориаш амалӣ менамояд. Натиҷаҳои  бадастомада дар саҳфаҳои монографияи докторияш сабт меёбаду усулҳои самараовару  беҳдоштиро  вобаста ба  фардият   ва  ҷиҳати  равонии  беморон  муайян  месозад.
Модараш на танҳо табиби  ҳирфаӣ, балки раҳнаварди илм  буд. Беморони  зиёде аз шаҳру  навоҳии ҷумҳурӣ пеши ин табиби ҳозиқ дар ҳолатҳои вазнини  беморӣ муроҷиат намуда, аз муъҷизакориҳояш умри дубора  мебинанд.
Вақте ки маро ба пеши ин  духтурон, яъне Манижа ва устодаш профессор Раҳмонов бурданд,  ҳар ду чашмам нобино шуда буду   тамоми вуҷудам  аз  ҳаракат монда. Ҳеҷ боварӣ надоштам, ки аз ин гуна дарди  ҷонкоҳ  зинда мемонам. Аз хешу табори ба аёдат  омада  бо  ашки  шашқатор  пиҳилӣ  металабидам. Дар   муддати се моҳи табобат гӯё  аз  нав  зинда шудам. Ҳоло мустақилона  ҳар рӯз 50 - 100 метр роҳ мегардам. Як чашмам  мисли пеш хуб  мебинад. Дигар  ягон ҷоям  дард  намекунад. Ҳар як тағйироти вуҷудамро ба Манижаи хоксору  донишманд мерасонам ва дар  бораи  рафти  минбаъдаи табобат  аз ӯ маслиҳатҳо  мегирам. Бо ин  хотир, ба ӯ умри дароз ва неруи  қавӣ таманно мекунам.
Гулчеҳра ҲОМИДОВА,
ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2017    №: 207    Мутолиа карданд: 1351

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед