logo

иҷтимоиёт

"ШИРКАТИ КӮҲӢ – САНОАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН" ДАҲ СОЛИ ҲАМКОРИҲОИ ПУРСАМАР

Ба таъсисёбии яке аз нахустин корхонаҳои муштараки  Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин - «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Чин» даҳ сол пур шуд.

Дар кони Олтинтопкан (ҳозира Зарнисор), воқеъ дар вилояти Суғд,  шурӯъ аз соли 1948 маъдан истихроҷ гардида, дар фабрикаи ғанигардонии комбинати кӯҳӣ - металлургии шаҳри Олмалики Ӯзбекистон коркард мешуд. Дар даврони шӯравӣ  ҳаҷми солонаи истихроҷи маъдан то як миллион тонна расида буд.
Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, гусастани робитаҳои корӣ ва баланд гаштани арзиши мавод, таҷҳизоту нақлиёт боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми истихроҷи маъдан ва таназзули истеҳсолот гардиданд ва дар ниҳояти кор ҳамаи конҳо аз фаъолият бозмонданд. Қатъ гардидани истеҳсоли маъдан  ва бекорӣ боис шуд, ки аҳолӣ шаҳраки ободро тарк намояд.  
Хушбахтона, бо талошҳои  рӯзафзуни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии соҳибистиқлол сулҳи комилу пойдор  ҳукмрон шуд  ва сокинони шаҳраки мо  боз ба фардои мусаффои зиндагӣ умед ва эътимод пайдо карданд. Моҳи июли соли 2000 кони маъдани Олтинтопкан аз тавозуни комбинати кӯҳӣ - металлургии Олмалики Ӯзбекистон ба тавозуни Тоҷикистон гузашт ва аввалин кӯшиши эҳёи истихроҷи маъдан ба назар расид. Соли 2006 дар асоси Созишнома миёни Тоҷикистон ва Чин дар заминаи кони маъдани Олтинтопкан «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Чин» таъсис дода шуд.
Соли 2010 хати якуми технологии корхонаи ғанигардонӣ бо иқтидори солонаи коркарди 300 ҳазор тонна маъдан ба фаъолият шурӯъ кард. Дар маросими ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, пешниҳод карданд, ки Олтинтопкан минбаъд шаҳраки Зарнисор номгузорӣ шавад. Баъди ба истифода додани хати дуюми технологӣ ҳаҷми умумии коркарди маъдан ба 1 миллион тонна ва соли 2016 то 2,5 миллион тонна расонда шуд. Табиист, ки ҷойҳои нави корӣ бо музди хуб таъсис ёфта, ҷавонони шаҳрак, ки қаблан барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба муҳоҷират мерафтанд, акнун дар Зарнисор, дар назди оила  соҳиби кор шуданд.
- Солҳои аввал дар ширкат  150 - 200 нафар коргар фаъолият мекард. Ҳоло истихроҷи маъдан ба 3 миллион тонна расида, 83,3 дарсади ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии шаҳри Гулистонро «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Чин» истеҳсол мекунад ва 2 ҳазору 628 нафар сокини шаҳрак бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, музди миёнаи маош 3 ҳазору 900  сомониро ташкил медиҳад, - иброз медорад Фазлиддин Орифов, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон.
- Мулоқотҳои судманди сарони ду давлат, аз ҷумла вохӯрие, ки чанде қабл дар шаҳри Пекин баргузор шуд, ба мо боз ҳам бовариву умед мебахшанд, ки дӯстии Тоҷикистону Чин қавитар мегардад ва соҳаи коркарди маъдани кӯҳӣ дар Тоҷикистон минбаъд ривоҷу равнақи боз ҳам бештар пайдо мекунад, - гуфт Ван Ши Бин, директори генералии «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Чин».
- Рӯзгори мардум осудаву обод шуда, онҳо аз оби тозаи нӯшокӣ, мактабу беморхонаҳои замонавӣ, боғи фарҳангӣ, роҳу пайроҳаҳои гулпӯш ва хизматрасониҳои гуногун баҳраваранд. Рӯзҳои наздик ба мумфаршкунии 7 километр роҳҳои дохили шаҳрак оғоз мебахшем, ки барои он 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ зарур буда, ширкат омода аст дар ин масъала ба мо дасти мадад дароз кунад, - гуфт Шаҳло Шарифзодаи Раҷаб, раиси шаҳрак.
- Ба наздикӣ дар шаҳри Истиқлол боз як иқтидори азим - комбинати металлургӣ бо тавоноии коркарди 50 ҳазор тонна сурбу руҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки аз лиҳози сифати маҳсулот, хатҳои нави технологӣ ва нерумандӣ дар Осиёи Марказӣ бесобиқа мебошад ва албатта, дар рушди иқтисодии  шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ нақши арзанда мебозад,- мегӯяд Абдурашид Раҳматов, муовини директори генералии «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Чин».
Ҷовиди АШТӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 668

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Ванҷ. Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

ХАТЛОН. Ба ҳунар арҷ мегузоранд

ИШКОШИМ. Беморон таҳти назорат қарор доранд

Хадамот ба буҷети мамлакат 92799, 26 сомонӣ ворид намуд

"ТОҶИК – ЭЙР". Камбудиҳо бартараф мешаванд

АГЕНТИИ ОМОР. Пешниҳоди шакли нави ҳисоботи ҷойҳои кории навтаъсис

Шералӣ Сиддиқзода: "Шароити муосири таҳсилро фароҳам меорем"

Агентӣ 1980 ҷинояти коррупсиониро ошкор кард

Бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти мубрам боқӣ мемонад

14.02.2018


ҲИСОР. Аз таъмини дурнамои пахта то иҷрои барзиёди даромади буҷет


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед