logo

иҷтимоиёт

НОМАИ СИПОС АЗ ВАРЗИШГАРОН ВА ҶАВОНОНИ ПОЙТАХТ БА УНВОНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ба  сомонаи АМИТ «Ховар»   Муроҷиатномаи   варзишгарон ва ҷавонони пойтахт ба унвони  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар  мавриди  дастгирии ҳамаҷониба дар рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар пойтахт  ворид гардид, ки муҳтавои асосиаш чунин аст:

Имрӯз бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу суботу ягонагии Ватани ободу осуда, мо – ҷавонон ва варзишгарони шаҳри Душанбе  дар партави сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро насли   хушбахт  меҳисобем, зеро   дастгирии раиси шаҳр Рустами Эмомалиро  сари ҳар  қадам бо фараҳмандӣ эҳсос менамоем.
Ифтихор ва толеи баланди мост, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи варзиш ба яке аз самтҳои пурарзиш дар меҳвари нақшаву барномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор гирифта, дар ин раванд ба манфиати насли наврасу ҷавон татбиқ гардидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ нишонаи олии қадршиносӣ ва эътимоди Шумо ба ин насл аст.
Дар пойтахт танҳо дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2017 барои сохтани 76 адад майдончаи варзишӣ ва иншооти фароғатӣ асос гузошта шуда буд, ки то  имрӯз  қариб ҳамаи онҳо  ба  истифода дода шудаанд. Инчунин, дар доираи Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо дастгирии Шумо дар пойтахти кишвар маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» - калонтарин аквапарк ё худ парки обӣ дар мамлакат дар майдони 20 000 метри мураббаъ мавриди истифода қарор дода шуд, ки намунаи муосиру беҳамтои маҷмаи истироҳативу фароғатӣ барои наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад.
Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориву садоқати падаронаи Пешвои миллат ва Шумо, муҳтарам раиси шаҳр, барои таҳкими сулҳу субот, амнияти пойдор, осудагӣ, фазои софу беғубори Ватан ва зиндагии шоистаи халқи тоҷик, солимгардонӣ, расидан ба қуллаҳои баланди илмиву варзиш, пайравии ҷавонмардонаи Шуморо идома дода, аз он ифтихор мекунем ва баҳри ободии Тоҷикистони маҳбуб ва пойтахти он - шаҳри Душанбе ҳамеша кӯшиш менамоем.
Мо – варзишгарону ҷавонони пойтахт ҷонибдори сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат будем, ҳастем ва мемонем.
Бо камоли эҳтиром, варзишгарон ва ҷавонони пойтахт. 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 852

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Ванҷ. Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

ХАТЛОН. Ба ҳунар арҷ мегузоранд

ИШКОШИМ. Беморон таҳти назорат қарор доранд

Хадамот ба буҷети мамлакат 92799, 26 сомонӣ ворид намуд

"ТОҶИК – ЭЙР". Камбудиҳо бартараф мешаванд

АГЕНТИИ ОМОР. Пешниҳоди шакли нави ҳисоботи ҷойҳои кории навтаъсис

Шералӣ Сиддиқзода: "Шароити муосири таҳсилро фароҳам меорем"

Агентӣ 1980 ҷинояти коррупсиониро ошкор кард

Бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти мубрам боқӣ мемонад

14.02.2018


ҲИСОР. Аз таъмини дурнамои пахта то иҷрои барзиёди даромади буҷет


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед