logo

сиёсат

ДИПЛОМАТИЯИ ИТТИЛООТӢ ВА ПЕШБУРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ

Дар замони муосир ба шарофати инкишофи бесобиқаи техника ва технологияи иттилоотӣ робитаву ҳамкориҳои байналмилалиро бе фаъолияти дипломатияи иттилоотӣ тасаввур намудан имконнопазир аст. Сарчашмаи дипломатияи иттилоотиро интишор ва мубодилаи бемарзи иттилоотӣ, воситаҳои интернетӣ, паҳни робитаҳои маҳворавӣ, зуҳуру рушди дипломатияи рақамӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Дар шароити ҷорӣ мафҳуми дипломатияи иттилоотиро дипломатияи рақамӣ, ҷамъиятӣ, ҷомеаи иттилоотӣ ва ғайра пурра инъикос менамоянд, ки дар сиёсати хориҷӣ мавриди истифодаву татбиқ қарор мегиранд, вале бештар фаҳмиши дипломатияи иттилоотиро дипломатияи рақамӣ фаро гирифтааст, ки баъзан онро Web 2.0 ва «дипломатияи шабакавӣ»  (Net Diplomacy)  меноманд. Дипломатияи рақамӣ (электронӣ) аз калимаи англисии «digital diplomacy, e-diplomacy» гирифта шуда, маънояш ҳалли вазифаҳои дипломатӣ ба тавассути имкониятҳои интернетӣ ва технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ мебошад.
Нахустин бор мафҳуми «дипломатияи рақамӣ» дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун воситаи баамалбарории сиёсати «нарм» ва «қудрати зеҳнӣ» мавриди амал қарор гирифт. Аввалҳои асри ХХI чунин навъи муносибатро Департаменти давлатии ИМА дар робитаҳои хориҷии худ мавриди истифода қарор дод.
Дипломатияи рақамӣ қадами хеле муҳим дар сиёсати хориҷии кишварҳои абарқудрат ба ҳисоб меравад ва ин таҷрибаро мебояд кишварҳои рӯ ба инкишоф низ истифода баранд.
Дар шароити равандҳои ҷаҳонгароӣ ва тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ кишварҳои рӯ ба инкишофро зарур меояд, ки аз ҷиҳати таъминоти иттилоотӣ мусаллаҳ бошанд. Дар охири асри ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёриро ба даст овард ва имрӯз ҳамчун кишвари рӯ ба рушд муаррифӣ шудааст.
Дар тақвияти ҳамкорӣ ва муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ саҳми Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор доир ба сиёсати хориҷӣ дар партави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.
Дар кишвари мо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, № 332 Консепсияи сиёсати хориҷӣ тасдиқ гашт ва амал менамояд, ки тибқи он дипломатияи иттилоотӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар замони муосир  ва шароити имрӯза дип-ломатияи иттилоотӣ барои рушди давлатдории миллӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллат ва барои рақобатпазир намудани ҳувият дар асри ҷаҳонишавӣ имконияти фарохеро ба вуҷуд овардааст. Фарогир шудани мавзӯи мазкур дар назди давлат ва ҷомеа як силсила масъалаҳоро мегузорад, ки ҳаллу фасли онҳо барои таҳкими давлатдории миллӣ ва дастовардҳои он мусоидат мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷиро бо дастуру роҳандозии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазорати корҳои хориҷӣ пеш мебарад. Айни ҳол зиёда аз 30 намояндагии дипломатии мо дар хориҷи кишвар дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ, доир ба ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон талош меварзад.
Яке аз ҳадафҳои асосии дипломатия таҳлили вазъият дар кишвари қабулкунанда, сиёсати хориҷӣ ва пеш аз ҳама муносибатҳои байналмилалии он мебошад. Сафирон ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа барои мусоидат ва амалишавии созишномаву шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба нақши назаррас доранд. Дар муаррифии симои мусбати Тоҷикистон ва ташвиқу тарғиби дастоварду комёбиҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва рушди сармоягузориву сайёҳӣ саҳми бесобиқаро соҳибанд. Мутахассисони соҳаи мазкур барои эҷоди воситаҳои самараноки таъсири иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ симои Тоҷикистонро дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҳамчун кишвари дастгирикунанда ва ташаббускори сиёсати башардӯстона, эътирофи баробарӣ, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра бояд муаррифӣ намоянд.
Дар соҳаи дипломатияи иттилоотӣ субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ бештар ба ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ такя менамоянд. Имрӯз дар инкишофи робитаҳои дипломатии дуҷонибаву бисёрҷониба нақши шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли «facebook», «twitter», «instagram», «youtube», «вконтакт» ва ғайра бештар аст. Аксарияти намояндагиҳои кишвари мо дар хориҷ аъзои чунин шабакаҳоянд ва фаъолият дар самти худ дар ин шабакаҳо барои тақвияти сиёсати хориҷӣ хеле ба маврид аст.
Айни ҳол шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди «facebook», «twitter» ва «instagram» дар ҷаҳон нуфуз ва аъзои бештарро доро мебошанд. Барои дар шабакаҳои мазкур фаъол будан, намояндаҳои давлатӣ бояд, пеш аз ҳама, забондон, донишманд, ҳозирҷавоб, кордону зирак ва аз ҳама муҳим таҳлилгар бошанд. Чунки узвият дар шабакаҳои мазкур дар ташвиқу тарғиб ва баланд бардоштани обрӯи кишвар нақши муфид дорад. Имрӯз дар шабакаи иҷтимоии «instagram» саҳифаи махсусе аз ҷониби сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj/» бо номи «Emomali Rahmonov» фаъолият дорад, ки ҳамарӯза фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олами маҷозӣ ташвиқу тарғиб менамояд.
Дар шароити имрӯза навъи нави муносибатҳои дипломатӣ ба вуҷуд омадааст, ки онро «твипломатия» меноманд. «Твипломатия», ки ба воситаи шабакаи иҷтимоии «twitter» фаъолият дорад, имрӯз дар ташвиқу тарғиби сиёсати хориҷии давлат нақши муҳимро касб кардааст. Бавижа, шахсони баландпояи ниҳодҳои давлатӣ, ба монанди роҳбарони давлат, сарвазирон, вазирон ва дипломатҳо шабакаи мазкурро мавриди истифода қарор медиҳанд. Чунин фаъолияти шахсони аввали кишварҳо барои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ самаранок мебошад.
Имрӯз блогҳои интернетӣ фаъоланд, ки ҳамарӯза маводу маълумоти гуногун, баҳсҳо нашр мешаванд ва аз ҳама муҳимаш гурӯҳҳои гуногуни миллатҳо фаъоланд, ки кишвари мо метавонад аз ин восита низ истифода намояд. Блог вебсайте аст, ки муҳтавои асосии он сабтҳои мунтазам иловашавандаи дорои матн, расм ё мултимедиа мебошад. Мо метавонем як гурӯҳи ҷавонони фаъол ва мутахассисони олии самти мазкурро ташкил карда, фаъолияти ҳамешагиро дар чунин вебсайтҳо таъмин намоем. Ин тавр ташаббусҳо метавонанд кишвари моро дар ҷаҳони муосир боз ҳам бештар шинос гардонанд.
Имсол Кумитаи рушди сайёҳӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки барои ҷалби сайёҳон ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Барои симои мусбати Тоҷикистонро ташвиқу тарғиб намудан, кормандони кумита, намояндагиҳои хориҷӣ ва худи шаҳрвандони ватандӯсту башардӯстро зарур аст, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода  намоянд.  Рушди  соҳа  низ  як самти дипломатияи иттилоотии кишварро ташкил медиҳад. Намояндагиҳои хориҷии мо метавонанд барои муаррифии сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузориву ҷалби сайёҳон аз сомонаву шабакаи иҷтимоии сафорат даст ба кор шаванд. Аксу навори маконҳои тамошобоби кишвар ва арзиши меҳмонхонаву маконҳои фароғатиро ба тарзи олӣ ташвиқу тарғиб намоянд.
Т. АЗИМЗОДА,
мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 998

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед