logo

фарҳанг

АБРОР ЗОҲИР. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ ДИЁР ДАР САРБАНД

Ҳукумати мамлакат аз аввали таъсисёбиаш то кунун ҷиҳати қадрдонӣ ва ҷовидона гардондани номи шахсиятҳои барҷаста, ки барои миллату давлат хизматҳои арзанда кардаанд, иқдоми наҷиберо роҳандозӣ намудааст, ки шоистаи таҳсин мебошад. Чунончи, кӯчаю гулгашт, муассисаю корхонаҳо, шаҳру ноҳия, мавзеъҳои таърихиро бо номи чунин шахсиятҳо мегузоранд ва бо ин васила хизмату саҳми барои рушди ҳаёти ҷомеа, имрӯзу фардои мамлакат гузоштаи онҳо қадрдонӣ ва абадӣ гардонда мешавад. Бо ин васила ҳисси ифтихор, дилгармӣ ва нигоҳи нек ба ояндаи босаодат дар ботини мардум, алалхусус ҷавонону наврасон, бедор карда мешавад.

Чанде пеш вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд барои гиромидошти хотираи неки фарзандони содиқи Ватан Давлатҷон Гиёев, Содиқҷон Каримов ва Аброр Зоҳир бо қарори якҷояи хеш литсейҳои давлатии рақами 1 ва 2 - и шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 - ро бо исми онҳо номгузорӣ намуданд.
Давлатҷон Гиёев ва Содиқҷон Каримов ин ду ҷавони диловар чанд сол муқаддам зимни адои хизмати Модар - Ватан дар деҳаи Камароби ноҳияи Рашт бо гурӯҳи террористон, ки қасди ноором кардани авзои ҷомеаро доштанд, рӯ ба рӯ омада, дар роҳи ҳифзи Ватан, барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва оромиву осудагии ҳамватанон ҷони худро нисор намуданд.
Имомов Аброр, тахаллуси адабиаш Аброр Зоҳир, 15 январи соли 1965 дар деҳаи Боҳтурободи Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - и шаҳри Сарбанд ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро соли 1982 ба ҳайси мусаҳҳеҳи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» сар карда, то ба вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан директори китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва директори муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ» - и шаҳри Душанбе содиқона хизмат намудааст.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи кинематеграфистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон, муаллифи даҳҳо китоб, аз ҷумла 30 роман, 20 повест, очерку ҳикояҳои зиёд ва филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ ва театрӣ мебошад. Романҳои серхонандаи ӯ «Майдон», «Душанбе», «Рақс дар сояи девори оҳанин», «Шикасти зулмот», «Муҷассамаи ишқ», «Васвасаи дунё», «Мунтасир», «Бозгашт», «Арсаи набарди гургон», «Нӯхтаи нафс», «Ёри ғор», «Мотами гурбаи сиёҳ», «Дар ҷустуҷӯи инсон», «Дунёи бесомон», «Ибни Лодан», «Дар ҷилди одам», «Охирин сайди сайёд», «Коммунист», «Муқовимат», «Хокпайванд» ва монанди ин буда, инчунин, кӯҳи дастхатҳои номатбӯъ дорад.
Аброр Зоҳир яке аз адибони сермаҳсул ва рангинхаёли замони соҳибистиқлолии тоҷик буда, умдатан, ба мавзӯъҳои номакшуф, ҷолиб ва мубрам дахл намудааст. Дар асарҳо асосан ба дунёи ботинии персонажҳо дахл мекунад ва бо тобишҳои гуногун онро ба риштаи тасвир мекашад. Ӯ дар нигориш ба масоили глобалӣ дахл намуда, ба он аз дидгоҳу манофеи миллӣ менигарад. Асарҳои номбурда таҷассумгари рӯҳия ва маънавиёти миллати тоҷик буда, аз ғаразҳои шахсию гурӯҳӣ орӣ мебошанд.
Вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд бо ин ташаббуси наҷиби худ баҳри гиромидошти фарзандони номбардори диёр ва бо ин васила ҷиҳати татбиқ ва идомаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳми арзанда гузоштанд.
Ёдрас месозем, ки масъалаи ба номи Аброр Зоҳир гузоштани мактаби миёнаи № 4 - и шаҳри Сарбанд бори нахуст аз ҷониби ҳайати эҷодии Нашрияи расмии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» пешниҳод гардид ва ин иқдоми хайрро маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд маъқул донист.
А. ШАҲБОЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2017    №: 217    Мутолиа карданд: 1327

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед