logo

фарҳанг

МЕҲРГОН БАЙНАЛМИЛАЛӢ МЕШАВАД

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону меҳмонони ватаниву хориҷӣ Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷашни Меҳргон ва Сада дар ойинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар он Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Акбар Турсон академик, Аббосалӣ Ҳасанов, сафири Озарбойҷон ва Франсис Рошер муҳаққиқ аз  Фаронса, иштирок ва суханронӣ намуданд.
- Соҳибистиқлолӣ ба аксари ҷашну маросимҳои миллии мо, бавижа Наврӯзу Меҳргону Сада умри дубора бахшид. Меҳргон низ ҳамчун куҳантарин ҷашни мардуми ориёинажод бо хусусият ва шукӯҳу шаҳомати хеш эҳё гардид. Мо дар оянда нақша дорем, ки дар самти пажӯҳишу тарғиби илмии ин ҷашн ҳиммат гумошта, онро ба яке аз ҷашнҳои ҷаҳонӣ мубаддал гардонем, - изҳор дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Мавсуф иттилоъ дод, ки дар ин бора ба дафтари ЮНЕСКО  мавод ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод гардидааст ва баъди қабули қарорҳои дахлдор Меҳргон низ ҳамчун арзиши олии инсоният ба рӯйхати ҷашнҳои байналмилалӣ ворид мегардад.
Аббосалӣ Ҳасанов дар мавриди ҷашнгирии иди Меҳргон дар Озарбойҷон ҳарф зада, баъзе вижагиҳо ва муштаракоти онро барои халқҳои тоҷику озар қайд кард. Аз ҷумла, ба ҷашни Анор, ки дар Озарбойҷон ҳамчун як қисмати умдаи Меҳргон таҷлил мегардад, таваққуф намуда, иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар эҳё ва ташвиқу тарғиби ин ид дастгирӣ намуд.
Академик Акбар Турсон моҳияти фалсафиву умумиинсонии Меҳргон ва сайри таърихии онро дар аҳди бостон ва осори классикони тоҷику форс рӯшан кард.
- Таҷлили Меҳргон бо Наврӯзи баҳорӣ тавозуни кайҳониро ба вуҷуд овардаанд. Асли ҷашнҳои мазкур ба илмҳои ситорашиносӣ рафта расида, муштаракан илмҳои кишоварзӣ, набототшиносӣ ва хокшиносӣ  ва боз чанди бахшҳои хурду бузурги улуми дигарро дар худ гунҷондаанд. Ҳамин гуна арзишҳои баланди ғоявию илмӣ доштанаш сабаб шудааст, ки мардум онро то ба имрӯз ба шаклу суратҳои гунонгун зинда нигаҳ дошта омадаанд,- афзуд Акбар Турсон.
Франсис Рошер ба ҷашни мардумӣ ва сарчашмаи ормону хостаҳои халқ будани Меҳргон ишора карда, қайд намуд, ки дар Фаронса низ чун Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосил ҳамчун рамзи фаровониву шукргузорӣ аз табиат ҳамасола гузаронда мешавад. Аммо Меҳргоне, ки дар байни мардумони Осиёи Марказӣ бо ному шаклҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад, решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Бавижа, вожаи таркибии меҳр (Митро), яъне офтоби зардуҳиштӣ, ки дар номи Меҳргон аст, гувоҳӣ бар он медиҳад, ки пеш аз мелод низ аҷдоди шумо ин идро таҷлил мекардаанд.  Баъдтар шоҳони сосонию амирони сомонӣ онро равнақи тоза бахшида, ба мондагории он ҳиссаи шоиста гузоштаанд.
Симпозиум дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ баргузор гардида, ҳозирин, бавижа пажӯҳишгарону меҳмонони хориҷӣ ба рӯйхати ҷашнҳои байналмилалӣ ворид шудани Меҳргонро бо хушнудӣ пазируфтанд ва якдилона ҳамовозии хешро баён доштанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2017    №: 217    Мутолиа карданд: 1060

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед