logo

фарҳанг

ХАТЛОН. ТАҶЛИЛИ ХОТИРМОНИ МЕҲРГОН

Ҷашни Меҳргон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки васеи деҳқонон, роҳбарони корхонаю идораҳои соҳаи кишоварзӣ ва сокинон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид.

Намоиши маҳсули дастранҷи кишоварзон – сабзавоту, меваҷот, полизӣ ва маҳсулоти чорводорӣ аз бобарор омадани сол гувоҳӣ медод.
Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ баъди тамошои намоиш бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ метавонад мӯҷиби рушди давлат ва ҳалли яке аз ҳадафҳои стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ гардад. Ба бовари ӯ, дар ин ҷода барзгарони хатлонӣ марҳила ба марҳила ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Раиси вилоят бо ишора ба мақому манзалати Ҷашни бостонии Меҳргон, гуфт, ки Наврӯзи Аҷам аз зиндашавии табиат ва оғози кишту кор, Меҳргон аз фаровонии ҳосил, дастархони пур аз нозу неъмат ва осоиши моддию маънавӣ башорат медиҳанд.
Озмунҳои вилоятии “Оши палов” ва “Кадбонуи беҳтарин”, ки ба хотири ба як ҷашни пур аз шодию сурур табдил додани Меҳргон ташкил шуда буданд, бисёр ҷаззобу тамошобоб сурат гирифтанд.
“Кафгири заррин” – аввалҷоизаи озмуни “Оши палов” ба ошпази моҳир аз ноҳияи Ёвон Олим Мадаминов тақдим гардид. Ҳунари ошпазон Нишон Тӯхтамишев (аз ноҳияи Вахш) ба ҷойи якум, Абдураҳмон Файзуллоев (аз ноҳияи Данғара) бо ҷойи дуюм ва Мирзо Асламов (аз ноҳияи Фархор) ба ҷойи сеюм сазовор дониста шуд.
Зимни озмуни “Кадбонуи беҳтарин” ғизою хӯришҳои болаззат ва тамошобоб омодакарда ва дастархонҳои бонизоми бонувон Ҷамила Бобоева (аз шаҳри Қӯрғонтеппа), Моҳитобон Хоҷаева (аз ноҳияи Қубодиён)  ва Азизхоним Самиева  (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ)  сазовори се ҷойи аввал (мутаносибан) гардиданд. Мукофотҳои омодакардаи кумитаи тадорукотро раиси вилоят ба ғолибон  супурд.
Ҳамчунин, деҳқонон ва масъулони раёсатҳои кишоварзии шаҳру навоҳии вилоят, ки дар коштану ғундоштани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ имсол фаъол буданд, аз ҷониби раиси вилоят бо туҳфаҳои хотиравӣ ва “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадр карда шуданд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2017    №: 219    Мутолиа карданд: 1409
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед