logo

фарҳанг

КИТОБДОРӢ. ДУ ТАМОЮЛИ НОСОЛИМ

Китобхонаҳои имрӯза назар ба қарнҳои гузашта бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунанд, аз ҷумла бо хадамот ва таҷҳизоту технологияҳои муосир. Барои китобдор шудан имрӯз танҳо соҳибсавод ва ё олими ягон риштаи илм будан кофӣ нест. Китобдори имрӯза бояд аз равандҳои гуногуни омодасозӣ ва пахши иттилоот дар тамоми шаклу намудҳо баҳравар бошад, фаъолияти хадамоти маълумотӣ, библиографӣ ва иттилоотиро ба роҳ монда тавонад ва бо таснифоти библиографии аснод ошноӣ дошта, аз ҷараёнҳои коркард, ҷобаҷокунӣ, таснифот, гурӯҳбандӣ, ҳифзу нигоҳдории мавод бохабар бошад. Ба осонӣ аз захираҳои анъанавӣ, электронӣ ва маҷозии ҷаҳонӣ истифода намуда, бо барномаҳои махсуси китобдорӣ (IRBIS ALEF ва ғайра) ошно ва ба эҳтиёҷмандон маълумоти саҳеҳу пурра дода тавонад. Танҳо дар ин сурат ӯ метавонад дар хизматрасонии хонанда ба мақсад бирасад.

Вазифаи муҳими китобхонаҳо баланд бардоштани маънавиёти фарҳангии ҷомеа, хусусан насли наврас аст. Бо муносибати хуби худ китобдор метавонад хонандагони зиёдеро ба китобхонӣ ҷалб намояд. Малакаи ҷалби хонандагони хурдсол, кӯдакон ва наврасон ба хониш барои китобдорони касбӣ тавассути фанҳои махсус дар факултаи китобдории ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода омӯзонда мешавад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки дар китобхонаҳои деҳот бештар мутахассисони касбиро ҷалб намуда, барои кору фаъолияти онҳо шароити созгор омода созанд.
Назарсанҷиҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ду тамоюли носолим дар кори китобдории имрӯза реша медавонад. Тамоюли аввал ба кор омадани шахсиятҳои ғайритахассус, ки мутахассисони касбӣ хоҳу нохоҳ дар зери роҳбарии онҳо наметавонанд пурра вазифаҳои касбӣ ва уҳдадориҳои тахассусии хешро ба сомон расонанд. Аз ин гуна таъйиноти кадрӣ китобхонаҳои поёнӣ (тобеъ ва ё дар дараҷаи пасттар қарордошта) зарар мебинанд.
Тамоми китобхонаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ имрӯз аз маводи илмию методӣ ва библиографию иттилоотие, ки пеш аз ҷониби Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Фирдавсӣ таҳия мегардиданд, бебаҳра мондаанд. Аз ин рӯ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки  маркази илмӣ ва методии тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, назорати пурраи китобхонаҳои ҷумҳуриро бояд ба уҳда дошта бошад.
Тамоюли дуюми манфие, ки имрӯз роиҷ аст, ин ба тобеияти ноҳияҳо дода шудани китобхонаҳои деҳот мебошад, ки мушкилиҳои зиёдеро эҷод намудааст. Аз ҷумла, оид ба масъалаи таъминоти китоб, матбуот, таҷҳизот, таъмир, хариди технологияҳои нав, тайёрнамоии кадрҳо, бозомӯзӣ, курсҳои такмили ихтисоси касбӣ, иштирок дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, ки маблағгузории он ба уҳдаи онҳост, касе ё идораи ваколатдоре фаъолияти онҳоро мавриди назорат ва таҳқиқ қарор намедиҳад ва ин ҳолат фаъолияти китобхонаҳои маҳалро пурра ба касодӣ оварда расондааст.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба бунёди марказҳои маърифатии деҳот, ки ба ақидаи кулли муҳаққиқон зиёда аз 60 дарсади наврасону ҷавонон дар он иқомат доранд, бо таҷдиди сохтор ва таъминоти таҷҳизоту маводи зарурии он оғоз намоем. Ҳамзамон ба тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаи китобдорӣ ва фароғатӣ, ки саҳмгузорандагони захоири зеҳнӣ хоҳанд шуд, таваҷҷуҳи бештар намуда, теъдоди онҳоро бештар намоем.
Зарур аст, ки минбаъд таваҷҷуҳи бештар ба рушди муассисаҳои фарҳангии деҳот дода шавад. Бояд диққати асосӣ ба таҷдиди сохтори китобхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ: таъминот бо таҷҳизоти муосир, дастрасӣ ба маводи методию роҳбарикунанда, меъёриву ҳуқуқӣ ва дастгирии молиявӣ дода шавад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмию методӣ дар тайёрнамоии мутахассисони касбӣ, олимони соҳа ва ба ин васила таъмин намудани китобхонаҳои кишвар бо маводи илмӣ, методӣ, библиографӣ ва иттилоотӣ бориз буда, дар сохтори он бунёди Пажӯҳишгоҳи соҳавӣ, Академияи китоб, сарредаксия оид ба таъминоти иттилоотии китобхонаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо омодасозии маҷаллаҳои соҳавии илмӣ ва илмию оммавӣ, маҷмӯаҳои илмию методӣ, стандартҳо ва меъёрҳои кори китобдорию библиографӣ метавонад соҳаро аз буҳрони илмиву маънавӣ берун орад.   
Қурбоналӣ БӮРИЕВ,
номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2017    №: 225    Мутолиа карданд: 1222

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед