logo

фарҳанг

“МАРЗ ВА МАРЗБОНӢ”

Чунин ном дорад китоби нави Ҷонибек Асрориён ва Анушервон Асрориён, ки онро Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик чанде пеш ба табъ расонд.
 
Он аз таърихи пайдоиши марзҳо ва марзбони тоҷик  аз даврони куҳан  то ба замони  Истиқлолияти давлатӣ ҳикоят мекунад. Сарчашмаҳои илмӣ гувоҳанд, ки  дар айёми давлатдории Сомониён марзи кишвару давлат пояи мустаҳкам дошт ва  неруҳои мусаллаҳу марзбонони шуҷоъ онро ҳимоя менамуданд.  Сарҳади мо дар замони ба истиқлолияти воқеӣ расидан пурқувват гардида, ташаккули  сохторҳо маҳз бо ҳидояту  талошҳои  пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  мустаҳкам гардид.
Тӯли ин солҳо базаи моддиву техникии сарҳад боло рафта, инфрасохтори сарҳадӣ муҷаҳҳаз ва шароити  сарҳадбонон хеле беҳтар шудааст. Пешвои миллат  ниҳоди марзбониро дар шароити кунунӣ муҳим шумурда, таъкид намудааст, ки “Неруҳои марзбон ягона сохторе мебошад, ки шабу рӯз, яъне 24 соат бедоранд. Аз ин лиҳоз, онҳо бояд сарҳади давлатиро доим дар ҳолате нигоҳ доранд, ки амнияти мардум ва давлати соҳибистиқлоламонро чизе халалдор карда  натавонад”.
Китоб аз бобҳои “Андар зарурати пайдоиши марзу марзбонӣ”, “Марз, марзбон, ҳад, сарҳад ва ҳудуд дар фарҳангномаҳо,” Марзбонӣ дар сарчашмаҳои куҳан”,  “Марзбонӣ дар аҳди Ҳахоминишиҳо” ва  ғайра иборат мебошад. Қобили зикр аст,ки муаллифон, ҳамчунин атрофи зиндагиномаю ҳаёти чеҳраҳои намоёни таърихӣ  маълумотҳои фаровонро гирд овардаанд.
Дар китоб, ҳамчунин,  атрофи занону бонувони шуҷою далери марзбону ҷанговар  нақлу ривоятҳои зиёде оварда шудааст. Хусусан маълумотҳо дар бораи  ҷоннисориҳои  бонувон Орзу, Ҳутас, Катюн, Савсан, Ҳумой, Озармаҳ, Шаҳрбону хеле  ибратомӯз мебошанд. Дар бораи ҳифзи силоҳу  номуси сарбоз, тирандозӣ, шикору олоти ҷангӣ, либоси ҷанговар маълумотҳои  муҳиме низ таҳия намудаанд, ки барои  сарҳадбонони имрӯза  бисёр  муҳим арзёбӣ мешаванд.
“Марзу марзбонӣ” бо расму мусаввараҳои таърихӣ ва  аснодҳои таърихӣ  ороиш ёфта, туҳфаи арзандаест барои марзбонони тоҷик ва таърихшиносон.
Маҷид  САЛИМ,
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин  Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 982

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед