logo

иқтисод

САРДИҲОИ БАРМАҲАЛ. МАСЪУЛИН ДАР ҒАФЛАТ НАМОНДАНД!

Яку якбора сард шудани боду ҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  масъулини соҳа,  аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят сар карда, то ҷамоатҳои деҳот ва идораҳои кишоварзиро ба таҳлука наандохт. Зеро  онҳо аз маълумоти ҳамарӯзаи обу ҳаво тавассути  барномаҳои телевизиону   радио ва дигар васоити ахбори оммаи кишвар воқиф буданд ва хуб медонистанд, ки  вазъи ҳаво тағйир меёбад. Шамоли тезу тунд вазида,   боронгариҳои кӯтоҳмуддат ва дар минтақаҳои баландкӯҳ боридани барфи нахустин ба миён меояд.
Масъулини соҳа сари вақт пайи иҷрои дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 гардиданд. Онҳо дар ҷодаҳои баландкӯҳ аз  водии Вахё сар карда, то минтақаҳои Ғорону Вахони Минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" ва Аличур, Рангкӯлу Шаймоқ ва Қарокӯли ноҳияи Мурғоб ва саросари Помири шарқӣ тайёриро ба давраи сармо тезонда,  чун солҳои пешин ба фориғболӣ роҳ надоданд, Аз ҳама муҳимаш, кишоварзони вилоят кӯшиш карданд, ки ҷамъоварии ҳосили боқимондаи киштзор ва боғотро  сари вақт  анҷом диҳанд, то ки заҳмати кашидаашон зоеъ наравад. 
Ба гуфтаи Бегиҷон Алиев, раиси Ҷамоати деҳоти Сағирдашти  ноҳияи Дарвоз, то оғози сардиҳои ҳаво сокинони 17 деҳаи  ҳудуди ин минтақа ва идораву муассисаҳои он бо 920 тонна ангишт,  ба қадри кофӣ ҳезум ва маводи хӯрока таъмин карда шуданд. Аз 15 октябр сар карда дар водии Вахё  гармкунии бинои мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва манзилҳои истиқоматӣ оғоз шуд. Ҳосили киштзор ва боғот низ дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусӣ беталаф ҷамъоварӣ гардид.
Хати баландшиддати барқии Ховалинг – Шугнов – Сангвор – Сағирдашт – Қалъаи Хумб баъди таъмир гаштан ҳоло бенуқсон кор мекунад, хонаҳои мардум чароғон ва гарм аст. Кормандони муассисаи  давлатии  нигаҳдории роҳҳои  минтақаи Сафедорон қитъаи роҳи қариб 100 километраи Дашти Шер - Қалъаи Ҳусайн - Тори ағбаи Хобу Руботро  имрӯзҳо дар ҳолати хуб нигоҳ медоранд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки ин ағбаи баландкӯҳи кишварро, ки аз мушкилтарин қисматҳои роҳҳои тӯлонии Помир мебошад, то охири моҳи декабр кушода нигоҳ доранд.
С. ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2017    №: 238    Мутолиа карданд: 664

12.12.2018


ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед