logo

иқтисод

ШАҲРВАНД АЗ ГИРИФТАНИ ЗАМИН ДАСТ КАШИД

Посух ба матлаби «Аз заминамон маҳрум сохтанд»
Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон мақолаи «Аз заминамон маҳрум сохтанд», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз 31 августи соли 2017, № 186 нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Зикр менамоем, ки то ташкил намудани хоҷагии деҳқонии «Комрон» қитъаи замини мазкур дар ҳисоби заминҳои фонди махсуси ноҳия қарор дошта, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13 июни соли 2011, № 60640 (13-3) парвандаи заминсозӣ омода гардида, бо қарори раиси ноҳияи Ёвон, аз 20 октябри соли 2011, № 1401 тасдиқ шудааст. Парвандаи мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва бо асоснокии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 июли соли 2000, № 335 «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ» баргардонда шуд.
Барои холӣ намондани замин, дар асоси аризаи шаҳрванд Афзалмоҳ Хоҷаева, ин қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Комрон», бо қарорҳои раиси ноҳияи Ёвон, аз 19 марти соли 2014, № 241 ва 26 майи соли 2015, № 552 аз ҳисоби тарҳҳои № 108 ва № 109 - и харитаи заминистифодабарии Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Сабзазор» (ҳисоботи давлатии замини соли 2001) майдони умумии 6,36 гектар, аз ин 4,92 гектар замини корами обӣ, 0,10 гектар замини зери об, 0,04 гектар зери роҳ ва 1,30 гектар дигар заминҳо вобаста шуда буд.
Дар ин муддат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 ноябри соли 2015, № 737 «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон додани қитъаи замин» барои гузарондан ба замини маҳалҳои аҳолинишин ба тасвиб расида, дар асоси он майдони 5,30 гектар замини хоҷагии деҳқонии «Комрон» низ ба заминҳои маҳали аҳолинишин гузаронда шудааст.
Мувофиқи талаботи қарори Ҳукумат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон вазифадор гардидааст, ки бар ивази заминҳои гирифташуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ заминҳои баробарарзиш пешниҳод намояд. Ба шаҳрванд Афзалмоҳ Хоҷаева аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Чоргул», аз мавзее, ки фаъолият мекунад, ба андозаи қитъаи замини гирифташуда замини корами обӣ пешниҳод шуда бошад ҳам, ӯ аз гирифтани ин қитъаи замин даст кашидааст.
Айни ҳол дар асоси хулосаҳои комиссияи ҷамъиятии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва қарорҳои дахлдори раиси ноҳия ин қитъаи замин ба шаҳрвандон тариқи қуръапартоӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ дода шудааст.
А. ОДИНАЗОДА,
раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2017    №: 239    Мутолиа карданд: 436

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр

Владимир Путин дар интихоботи президентӣ иштирок хоҳад кард

Сурия аз ҷангиёни «ДИ» пурра озод карда шуд

Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намуд

Назарбоев татбиқи лоиҳаи «Қазоқистони рақамӣ» - ро муҳим меҳисобад

Калонтарин ҳавопаймои дубаҳра ба парвози нахустин омода аст

Олимон скелети одами 3,6 миллион - соларо барқарор карданд

05.12.2017


Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳои аъзои СҲШ

Иштироки Маҳкам Маҳмудзода дар конференсияи байналмилалӣ

Ифтитоҳи Маркази илмиву фарҳангии Русия дар Хуҷанд

Бунёди мактаб дар Рошорв

Як нишасти муҳим

Дастаи «Хуҷанд» - барандаи Ҷоми Тоҷикистон

СММ: «Дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир якбора афзуд»

Маркази нави байналмилалии «Остона» ифтитоҳ меёбад

Физикҳо барои харитаи кайҳон 3 миллион доллар мукофот мегиранд

Биткоин - шашумин арзи дунё

04.12.2017


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси вазирони корҳои хориҷӣ

Баррасии натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии тестӣ

Мизи мудаввар дар Маҷлиси намояндагон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои рушди маориф дар Хатлон

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед