logo

иҷтимоиёт

ТАРБИЯ. КАМОЛОТИ ФАРЗАНД АЗ ХУДИ МО ВОБАСТААСТ

Тарбияи фарзанд барои падару модар вазифаи асосӣ ба шумор рафта, ба камол расондани он машаққати зиёд мехоҳад. Махсусан, дар ин замон, ки омилҳои беруна ва пешрафти техникаю технологияҳои муосир монеаҳои зиёдеро пеш меоранд.

Кӯдак аз рӯзе, ки роҳ рафтанро меомӯзад, олами дигареро кашф карда, ҳар як шакл, ранг, бӯ ва навигарӣ диққати ӯро ба худ ҷалб мекунад. Вале вақте бо оинаи нилгун, телефон, планшет, бозиҳои компютерӣ, тамошои филмҳои ҳархела саргарм мешавад, кор ранги дигар мегирад. То замоне, ки мо ба тифл ҷиҳатҳои манфию мусбати асбобҳои техникиро мефаҳмонем, аллакай гӯё хишт аз қолаб мекӯчад. Зеро кӯдак ба технологияи муосир вобаста ба ҷаҳонбиниву тафаккури хеш баҳо гузошта, ба он дилбастагии махсус пайдо мекунад. Барои ин тифл бояд нахуст бо китобу дафтар  ва қалам ошно шавад. Бо онҳо унс гирифта, истифода бурда, минбаъд тадриҷан ба истифодаи васоити техникӣ пардозад ба манфиати кор аст. «Дар ин масъала Унсурулмаолии Кайковус низ мефармояд: «Ва падару модарро ҳам тавон аст ва ҳам фармон. Аммо тавон аст ба парвардани ту ва фармон аст ба хубӣ омӯхтан».
Мо бисёр оилаҳоеро медонем, ки фарзандонашон хуб ба камол расида, намунаи мактабу маҳалла мешаванд. Ошноии бештари фарзандон бо китобу дафтар сабаб шудааст, ки ин оилаҳо заминаҳои таълиму тарбияро таҳким бахшанд.
Мутафаккири ҳинд Иноятхон дар «Рисолаи тарбият» мегӯяд: «Ҳангоми омӯзиши кӯдак, пеш аз ҳама, бояд дар сари ӯ андешаи коридани тухми зебоиро парвариш диҳем. Вақте ки ниҳолак – тифли шумо сабз мешавад, онро бо меҳр бояд парварид. Вай танҳо бо хотири боғбон нашъу нумӯъ мекунад. Кӯдак ҳассос аст, аз пайи нахустин таассурот меравад».
Он чи кӯдак аз падару модар меомӯзад, тамоми умр дар рафтору кирдори ӯ таҷассум меёбад. Дар хона бидуни падару модар, фарзандони дигар ҳастанд, ки бояд муносибат бо ҳамаи онҳо самимӣ бошад, якеро аз дигаре боло набояд гузошт. Чунин муносибат муҳаббати байни фарзандонро низ таъмин мекунад.
Иноятхон ҷои дигар меорад: «Омӯзиш ва парвариш барои кӯдак ҳеҷ гоҳ барвақ нест. Рӯҳи навзод монанд ба навори суратгирист, покизаву дастнорас, ҳар гуна таассурот дар он ба таври ҳамешагӣ нақш мегузорад. Аз ин рӯ, агар падару модар ё омӯзгор ин нуктаро аз ёд бубаранд ва аз рӯзҳои нахуст ба тарбияи навзод кор нагиранд, бузургтарин имконро аз даст хоҳанд дод».
Мутаассифона, соатҳои дароз тифламонро паси телевизор мешинонем, воситаҳои дигари техникиро ба ихтиёрашон мегузорем ва худ машғули кор гардида, бад-ин восита гӯё ҳам ёрро наранҷонда, ҳам лаъл ба даст овардан мехоҳем. Аммо ҳаргиз чунин намешавад. Зеро тамошои зиёди телевизор ва машғул шудан бо бозиҳои компютерӣ майнаи сари кӯдакро ангезиш дода, дар ниҳояти кор ба хашмгинӣ ва падид омадани зӯроварӣ дар ниҳоди ӯ сабаб мегардад.
Бо фарзанд дарс тайёр намудан, аз кору машғулиятҳои ӯ пурсидан на танҳо ӯро ҳавасманд мекунад, балки қувваи кории ӯро афзуда, дар наздаш вазифаву масъулияти пагоҳу фардои дигар омода буданро мегузорад. Дарстайёркунӣ бояд ҳар рӯз ва дар вақти муайян сурат гирад. Ягона роҳи хонандаи фаъол шудани кӯдак ин беихтиёр ба донишу хониш дил бастани ӯст. Роҳи дигари тарбия ин сайру саёҳат мебошад. Ӯ аз чунин саёҳатҳои хурд ғизои маънавӣ гирифта, рӯҳану ҷисман барои машғулиятҳои  рӯз ба рӯз мураккабшавандаи педогогиву психологӣ омода мешавад.
Муқаддас КОМИЛОВА,
омӯзгори МТМУ № 56 - и ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2017    №: 239    Мутолиа карданд: 713

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед