logo

иҷтимоиёт

АСАДУЛЛО ҒУЛОМОВ МАРДИ ҲАҚИҚӢ

Асадулло Ғуломов. Номи ин марди шарифро дар тамоми Тоҷикистон бо эҳтирому муҳаббати хосса ба забон меоранд ва аз ӯ ифтихор доранд.
Зиндаёд аз зумраи инсонҳое буданд, ки бо як дидану суҳбат оростан дар дилу дида ҷо гашта, ҳам гуфтору рафтор ва ҳам амали некаш дар хотираҳо ба ёдгор мемонд.
Баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ аз соли 1976 то охирин лаҳзаҳои умр ба Ватан содиқона хизмат намудааст.
Солҳои  2003-2006 муовини Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва соли 2006 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Бо ордени Шараф дараҷаи 1 ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ҳаммаслак ва ҳамкори Асадулло Ғуломов марди шариф Рамазон Мирзоев, ки соли 2011 директори МД ММЗ НБО Роғун буд, чун номи зиндаёдро ба забон овардам, ашк дар чашмон гуфт: “Дар бораи хислатҳои инсонӣ, фаъолияти меҳнатии ӯ чизе намегӯям, чунки ҳама медонанд. Фақат дақиқаҳои охирини ҳаёти ӯро пеши назар меорам. 3 августи соли 2011 мо, як гурӯҳ масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, дар ду чархбол ба ноҳияи Шаҳритус сафар карда, дар гидропости байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон (дарёи  Ому) музокироти байнидавлатӣ гузарондем. Ҳаво ниҳоят гарм буд, ҳароратсанҷ 53-54 дараҷа гармиро нишон медод. Чун дар ҷаласаҳои дигари комиссияи Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи сохтмони НБО Роғун, манфиатҳои ҳама мардуми минтақаро пешгӯӣ карда, бо ҳарорат масъалагузорӣ менамуд, ӯ бо мисолҳои мушаххас мавзӯъро матраҳу ҷамъбаст карда, сару рӯи дар арақ саршор ба чархбол нишаст. Ҳанӯз чархбол аз замин канда нашуда, Асадулло Ғуломов аз ҳуш рафт. Ҳарчанд ёрии тиббӣ расондем, нашуд, болои дастонам ҷон дод. Сарвари давлат борҳо барои табобату истироҳат кардан дастур  дода бошанд ҳам, “кори саркардаро бояд анҷом диҳем”, - гӯён ҳар ҳафта бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва мақомоти дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа - машварати корӣ мегузаронд, корҳои ҳарҳафтаинаро таҳлил намуда, ҳалли бечунучароро дархост мекард.
Яке аз ҳамкорони Асадулло Ғуломов, Муҳаммад Ҳабибов бо як ҷаҳон ихлосмандӣ ва андуҳи бепоён изҳор дошт, ки ӯ донишманд, мутахассиси аълодараҷаи соҳаи сохтмону нақлиёт буд. Ба ҳама кормандон як хел муносибат дошт. Барои гузарондани ин ё он масъалаҳои сатҳи ҳукуматӣ бо тайёрии ҳаматарафа омада, мекӯшид, ки дар вақташ босифат  иҷро шавад. Ҳамеша таъкид менамуд, ки корро дар вақту соаташ иҷро карда, дигар ба ин масъала барнагардед.
Неъматҷон Бӯриев, собиқ мушовири давлатӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ (ҳоло вазири рушди иқтисод ва савдо) бо як ҷаҳон эҳтирому ёдоварӣ аз зиндагиномаи марҳум чунин нақл кард: “Соли 2005 ман бо Асадулло Ғуломов бо роҳхати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи хизмати давлатии Федератсияи Русия таҳсил намудем. Дар курси мо аз кишварҳои ИДМ на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки олимону сарварони ширкатҳои бонуфуз таҳсил мекарданд. Қариб дар ҳама масъалаҳои марбут ба мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ Асадулло Ғуломов баромад намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ ширкат варзида, сазовори ҳурмати роҳбарони донишгоҳу ҳамкурсон гашта буд. Дар татбиқи ҳар як лоиҳаи сохтмонӣ, эҳёи роҳҳои автомобилгард ва бахши электроэнергетика чӣ қадар азму талошҳо намуд, манфиати давлату миллатро ба инобат гирифта, ниҳоят ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд саҳми арзанда гузошт.
Ронандаи нақлиёти хизматии ӯ Восифӣ Мусаввиров мегӯяд: “Рӯзҳои охир дарди ҷонкоҳ ӯро азият медод, лекин акаи Асадулло инро на ба фарзандонаш ошкор месохту на ба ҳамкоронаш. Вақте ки саҳар ба мошин менишаст, даст ба пояш гузошта, “оҳ” мегуфту аз дард тоб мехӯрд, то шаҳри Роғун азият мекашид, чун ба назди коргарони неругоҳ меомадем, ӯ гӯиё дарде надошта бошад, бо табассум ва ҳазлу шӯхӣ назди онҳо омада, машварат мегузаронд... 
Оре, мард ва роҳбари ҳақиқӣ буд ӯ. Роҳбаре, ки умри кӯтоҳ, вале бобаракат дошт.
Зебуннисо САЪДУЛЛОЕВА, 
дӯст ва ҳамкори марҳум


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 779

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд

ҲИСОР. Кишоварзӣ дар ҳоли рушд аст

ДТТ аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузарад

Донишгоҳи Ломоносов Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

Мусобиқа барои дарёфти ҷоизаи Зебунисо Рустамова

Тими мунтахаби бонувон оид ба футбол муайян шуд

Ҳакамии доварони тоҷик дар Бозиҳои Осиё

02.08.2018


Шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ таъсис ёфт

Ҳайати баландпояи аҳли илму фарҳанги кишвар ба Ӯзбекистон сафар намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед