logo

сиёсат

РАМЗИ НАНГУ НОМУС

Парафшонии зебои Парчами миллиамонро мебинаму меболам ва ифтихор мекунаму шукр мегӯям, ки шаҳрванди Тоҷикистонам. Бо чунин миллату давлат ва сарзамини аҷдодӣ, албатта, ҳар нафар тоҷикистонӣ худро саодатманд дармеёбад. Сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ дар кишвар пойдор мебошад. Мардум бо оромию осоиштагии хотир кору зиндагӣ мекунанд. Дастовардҳои зиёд дар тамоми соҳаҳо башорат аз шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони кишвар медиҳанд.
Дидани Парчами миллӣ ба неруямон неру меафзояду беихтиёр мегӯем: «Ҳамеша миллати мо чун парчамаш сарбаланд бошад». Аз худ мепурсем, ки барои пешрафту пойдории кишвару миллат чӣ саҳм гузоштем. Дар ин лаҳзаҳо аз Зуҳур Ҳабибуллоев, рассоми асилу нотакрори кишвар, ёд меорам. Охирин суҳбати мо дар бораи Парчами миллӣ пеш аз фавти ин рассоми моникилк сурат гирифта буд. Зимни суҳбат эшон изҳор доштанд, ки моҳи марти соли 1992 бо қарори Ҳукумати кишвар гурӯҳи кории олимону рассомон ва коршиносон таъсис дода шуд. Ба ин гурӯҳ ман роҳбарӣ мекардам. Дар мавриди қабули тарҳи парчам бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, таъриху фарҳангамон мулоҳизаю пешниҳоди зиёд баён шуд.
Вақте Парчам аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба комиссияи қабул пешниҳод гардид, чунин саволе ҳам ба миён омад, ки оё Парчами миллии мо ба парчамҳои баъзе аз кишварҳо шабоҳат дорад? Воқеан, Парчами мо бо ливои Италия, Ҳиндустон ва Эрон хеле монанд аст. Вале фарқи асосӣ дар ҷобаҷогузорӣ ва фосилаи рангҳо мебошад. Ба ҷуз ин, дар Парчами мо ранги сафед нисбат ба рангҳои сурху сабз зиёдтар аст.
Зуҳур Ҳабибуллоев афзуданд: «Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии кишвар дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баррасӣ ва қабули Парчаму Нишони миллӣ дар назар буд. Аз ин рӯ, пас аз муҳокимаи нахусти тарҳи Парчам мо бо назардошти фикру эрод ва пешниҳоди вакилони иҷлосия дар кӯтоҳтарин вақт дар корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе се парчам омода сохтем. Онҳоро як рӯз пеш аз баррасии масъала дар иҷлосия ба шаҳри Хуҷанд, ба Қасри Арбоб фиристодем. Тавре хабар доред, ин рамзи давлатдории навини тоҷикон аз ҷониби вакилон якдилона пазируфта шуд. Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бӯсидани ҳамин Парчами нав савганд ёд карданд, сарони гурӯҳҳои мусаллаҳ низ  бо бӯсидани он аҳди бародарӣ ва пешгирӣ аз ҷанги хонумонсӯз намуданд. Парчам барои халқи мо Ливои сулҳу ободӣ шуд».
Аз дуру наздик парчами зеборо парафшон мебинам ва фикри ғолиб ба сар мерасад, ки он Ливои зафари халқи шарифи тоҷик дар роҳи ободу пешрафта сохтани Ватани маҳбуб бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва фарзанди ҳамин миллат будан рӯҳамро болидаву неруямро афзуда месозад.
Нигинаи РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2017    №: 240-241    Мутолиа карданд: 1374
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед