logo

сиёсат

МАНФИАТИ МИЛЛӢ. АЗ ҲУВИЯТИ ТОҶИКОНА КОР БИГИРЕМ!

Охири асри бист ва ибтидои асри бистуякро коршиносони масоили сиёсӣ давраи набарди иттилоотии кишварҳои гуногун арзёбӣ мекунанд. Ба назари онҳо, дар чунин мубориза ва рақобатҳо он кишвар ва миллате зафар ёфта, фарҳангу забону ҳувияти миллии худро ҳифз мекунад, ки пеши роҳи иттилооти  дар бисёр ҳолатҳо ақлдузд, нораво, ғайримиллӣ  ва ҳуҷуми психологӣ - мафкуравиро гирифта тавонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ҳар паём ва суханронию мулоқоти худ моро ҳушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас талош намоем. Пеши роҳи тақлидкорӣ, хурофоту бегонапарастиро гирем, мардумро аз хатарҳои эҳтимолӣ, мисли даҳшатафканию тундгароӣ эмин нигоҳ дорем. Дар ин самт ниҳодҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма корҳои муайянро ба сомон расондаанд ва талошҳо барои пешгирии ин зуҳурот идома доранд.
Дар мақолаҳои худ - «Мулло ва худшиносии миллӣ» ва «Худшиносии миллӣ ва таассубгароӣ» оид ба вабои асри бистуяк - терроризму экстремизм, пешгирии идеологияи бегона ва мағзшӯии ҷавонон фикру мулоҳизаҳои худро баён карда, пешниҳодҳое низ ба миён гузошта будам. Мутолиаи матлаби рӯзноманигор Носирҷони Маъмурзод бо номи «Қатли қаҳрамони СССР ҳалқае дар занҷири кушторҳои чеҳраҳои  саршинос аз ҷониби наҳзатиҳост», дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», бори дигар боварамро ба масъалаи доштани номуси ватандорӣ, ифтихори миллӣ, дӯстдории Ватан ва миллат қавӣ гардонда, дурустии суханони пештар гуфтаамро дар мавриди нолозим будани ҳизби сиёсии ҷанбаи динидошта дар кишвар тақвият мебахшад. Зеро маҳз ҳамин наҳзатиҳо дар ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта боиси ноором гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар гардиданд, мардумро сарсону саргардон ва бехонаю дар намуданд, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ин гурӯҳҳои террористию ифротӣ, ки дар ҳама ҷо худро сиёсатмадор ва зиёӣ муаррифӣ мекарданд, бо мафкураи танги худ аз долони хонаашон дуртарро намедиданд. Мутаассифона, он замон чашми ҳақбин кӯр шуда буд ва зери демократияи набуда, ҳамагӣ нақора мезаданд. Ба гуфтаи Ситсерони бузург «Демократия ин эҳтироми қонун, ғуломи қонун будан аст»!
Тахминан даҳ сол пеш, дар  як ҳамоиш иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷадди гузаштаамон  Куруши Кабир ва  нахусткитоби миллат «Авесто» ба некӣ ёд кардам. Дар вақти танаффус намояндаи Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъшуда бо ман баҳсу мунозира кард. Ба ӯ номи Куруш ва ё «Авесто» мақбул наафтод магар, ки аз «шоҳи бузург Темурланг» ва «шоҳи тоҷикон Абдуллохони шайбонӣ» бо ифтихор ёд кард. Гуфтам, «бо шахсе бояд баҳс кард, ки аз таърихи халқаш ба хубӣ огоҳ ва дар сар андешаи фардои дурахшони Ватан дошта бошад. Ту, ки аз ин чизҳо бенасибӣ, баҳс кардан фоида надорад».
Бинобар ин, муҳимтарин вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дар ин давраи ҳассоси таърихӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ҳувияти тоҷикона аст. Фаромӯш набояд кард, ки ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст ва онро бо донишу биниш, ақли расо ва ҷаҳонбинии хеле васеъ метавон ба даст овард. Талқин бояд кард, ки манфиатҳои миллӣ аз ҳама дину кешу манофеи шахсӣ болотар меистанд.
 Варқаи ЗАЙНИДДИН,
 ёрдамчии калони прокурори вилояти  Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.2017    №: 246    Мутолиа карданд: 1235
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед