logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО

1 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд.
Баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои миёни ду кишвар, ки дар заминаи усулҳои пойдори дӯстӣ, шарикӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд асос ёфта, дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангу маориф рушд мекунанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки рушди устувору мунтазами ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус, ҳам дар ҳошияи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба идома меёбанд ва воқеан хусусиятҳои шарикии зичро касб кардаанд.
Сарони давлатҳо оид ба масоили байналмилалию минтақавӣ табодули афкор намуда, зарурати таҳкими ҳамкориҳоро ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақа, тақвияти минбаъдаи саъю талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳои фаромарзии терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ниёзмандӣ ба пешбурди ҳамкориҳои зичтарро дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, ки узви онҳо ҳастанд, таъкид доштанд. Ҳамзамон, аҳамияти Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои онро ба сифати василаи умумӣ дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон арзёбӣ карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз мазмун ва сифати баланди пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ намуда, идомаи ҳамкориҳоро ҷиҳати такмилу тавсеаи минбаъда он зарур шумурданд.
Тарафҳо аҳамияти санадҳои зимни сафар баимзорасидаро, ки фарогири самтҳои васеи ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодӣ, инчунин, рушди робитаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистону Беларус мебошанд, таъкид карданд.
Роҳбарони ду давлат, бо ишора ба фаъол гардидани равобити байнипарламентӣ, аҳамияти рушди минбаъдаи онро қайд намуданд.
Бо назардошти таҷрибаи мусбати робитаҳои байниминтақавӣ дар сатҳи вилояту шаҳрҳо, сарони ду давлат зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун ва бо мазмуни нав ғанӣ гардондан таъкид карданд.
Бо мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол, роҳбарони ду давлат зарурати баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматиро оид ба масоили ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Зарурати дарёфти роҳҳои ҳалли нисбатан самараноки логистикӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, муассисаҳои муштарак ва эҷод намудани шароити мусоид барои ҳамкории мутақобилаи ниҳодҳои хоҷагидорӣ иброз гардид. Дар баробари ин, маҷмӯи саноати кишоварзӣ, мошинсозӣ, нақлиёту энергетика, саноати озуқа ва сабук ба сифати арсаҳои ояндадори ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян гардиданд.
Роҳбарони ду давлат тавсеаи ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таҳкими фазои иттилоотию фарҳангиро ба сифати шартҳои муҳим дар ҳифзу тақвияти муносибатҳои неки таърихии миёни мардумони ду кишвар арзёбӣ намуданд. Аз баргузории вохӯриҳои мунтазами доираҳои илмӣ, ходимони санъат ва адабу ҳунари Тоҷикистону Беларус бо хушнудӣ истиқбол карда шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи баргузории рӯзҳои фарҳанг ва дастгирии пайгиронаи рушди минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф изҳори омодагӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз натиҷаҳои мулоқот, ки дар фазои анъанавии дӯстӣ, эътимоди комил ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳар ду ҷониб бо мақсади идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ, инчунин, баргузории мунтазами мулоқотҳои гуногунсатҳи дуҷониба ҷиҳати баррасию муҳокимаи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба мувофиқа расиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии гарму самимӣ миннатдории амиқи худро ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ба ҳамаи мардуми Беларус баён намуда, аз Президенти Беларус ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал овард. Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд. Муҳлати баргузории сафари расмӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.
Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Беларус дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Академияи миллии Беларус;
- Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва кумитаи иҷроияи вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ;
- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2017    №: 247    Мутолиа карданд: 814

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед