logo

ҳуқуқ

НАҚШИ ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

10 декабри соли 1948  Эъломияи умумии ҳуқуқи башар - “Барҷастатарин санад дар таърихи инсоният”, “Хартияи бузурги озодиҳои тамоми инсоният” қабул гардид. То ҳанӯз ягон санад чунин баҳои баландро сазовор нагаштааст. Зеро ин ҳуҷҷати таърихӣ дар худ консепсияи ҳуқуқу озодиҳои инсон, принсипҳои асосии ҳуқуқҳои инсонро таҷассум намуд. Эъломия муқаррар кард, ки меҳвари асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон  эътирофи қадру қимати шахсият мебошад, ки он ба тамоми аҳли башар хос буда, ҳуқуқи баробар ва дахлнопазирии онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум аст.
Ҷаҳолату ваҳшонияте, ки инсоният дар миёнаи асри ХХ бо он рӯ ба рӯ шуд, ҷомеаи байналмилалиро водор намуд, ки Эъломияро ҳамчун вазифаи тамоми халқҳо ва давлатҳо бобати ба ҳар як инсон таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои дар он пешбинишуда таҳия ва қабул намояд. Санади мазкур то ба имрӯз на танҳо аҳамияти худро гум накардааст, балки дастоварди бузург ва заминаи асосӣ дар таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳо дар самти ҳуқуқи инсон мебошад.
Эъломияи умумии ҳуқуқи башар барои қабули санадҳои зиёди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон замина гузошт, ки барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон нақши муассир доранд.
Эъломия ҳанӯз ҳам бо гузашти қариб 70 соли амали худ ба ҳаёти инсонҳо таъсир расонда, ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон боқӣ мемонад. Принсипҳои асосии он то ҳанӯз нигоҳ дошта шуда, ба қонунгузорӣ ва конститутсияҳои давлатҳои мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти худ фаъолона ба ҳаёти ҷомеаи байналмилалӣ ҳамроҳ шуд. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон афзалияти сиёсати давлатӣ арзёбӣ гашт.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, муқаррар намуд, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд.
Дар сатҳи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо карданд. Давлат ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба моликият ва мерос, таҳсил, меҳнат, манзил, ҳуқуқ ба истироҳат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.
Яке аз дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон бо назардошти эътирофи принсипу меъёрҳои байналмилалии инсондӯстӣ татбиқ накардани ҳукми қатл мебошад. Бо  ин мақсад  ба иҷрои ҷазои қатл дар мамлакат мораторий эълон карда шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқи он дар ҳудуди ҷумҳурӣ боз дошта шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак, аз ҷумла кӯдакони ятиму маъюб ва бепарастор таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дошта, таъмини беҳтарин манфиатҳои кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Дар ин самт тадбирҳои дахлдори қонунгузорӣ ва амалӣ андешида мешаванд. Таъсиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, қабул ва амалигардонии барномаву стратегияҳои дахлдор дар соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз қабили ин тадбирҳоянд.
Дар таҳким ва рушди ҳуқуқи инсон дар мамлакат Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013 - 2020, ки бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2012 тасдиқ гардидааст ва доираи амали он таълими (омӯзиши) соҳаи ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, курсҳои омӯзишӣ ва азнавтайёркунии омӯзгорон, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбиро фаро мегирад, хеле муҳим аст.
Раҷабмо ҲАБИБУЛЛОЗОДА,
муовини Ваколатдор оид ба
 ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба
ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.12.2017    №: 250    Мутолиа карданд: 487

20.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Йоҳаннес Петерлик

Тоҷикистону Ӯзбекистон: хироҷи роҳ аз байн меравад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард

Ҳамаи хатмкардагон бо ҷои кор таъмин мешаванд

РУСТАМИ ШОҲМУРОД: "ВОҲИДҲОИ КОРӢ НАМЕРАСАНД"

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН. САТҲИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БОЛО МЕРАВАД

ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. САБАБИ БОЛОРАВИИ НАРХИ СӮЗИШВОРИРО ШАРҲ ДОД

КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. САНҶИШ НИШОН ДОД, КИ...

ДДТТ ДАР ҚАТОРИ ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН МАКТАБҲОИ ОЛӢ

НАВОБОД. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКӢ

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед