logo

иқтисод

ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. ИҚТИДОРҲОИ НАВИ ИСТЕҲСОЛӢ РӮЙИ КОР ОМАДАНД

Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки рушди минбаъдаи саноатро тавассути баланд бардоштани самаранокии соҳаи коркарди ашёи хом ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таҷдиди воситаҳои асосӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулот таъмин намояд.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 22 декабри соли 2016)


Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат давоми 10 моҳи соли ҷорӣ бо мақсади таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда, бо шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандони кишвар, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва таъмини низоми мутавозини сиёсати пулию қарзӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.
Ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,3 дарсад, кишоварзӣ 6,4, маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ 4,6, гардиши савдои чакана 6,3, хизматрасонии пулакӣ 1,5, ҳаҷми боркашонӣ 5 ва мусофиркашонӣ 3,2 дарсад зиёд гардид. Рушди соҳаҳои номбурда ва ташаккули дигар нишондиҳандаҳои соҳаҳои иқтисоди миллӣ имкон фароҳам овард, ки суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) ҷумҳурӣ дар сатҳи 6,8 дарсад таъмин шуда, ҳаҷми номиналии он ба 48,4 миллиард сомонӣ баробар гардад.
Соли ҷорӣ бо назардошти ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии кишвар, ба маблағи 15798 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки  суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,3 дарсадро ташкил кард.
Имсол нахустин бор дар таърихи  соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ  ба маблағи 500 миллион доллар коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробонд) нашр карда, онҳоро бомуваффақият дар бозори молиявии ҷаҳонӣ ба фурӯш баровард.
Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ - октябри соли равон нишон медиҳад, ки вазъият дар бозори ҷаҳонӣ ва бозори истеъмолии кишвар нисбатан муътадил гардида бошад ҳам, коҳишёбии суръати савдои хориҷӣ ҳамоно идома дорад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ 3227,6 миллион доллари ИМА - ро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 дарсад кам мебошад. Содироти молу маҳсулот назар ба даҳ моҳи соли гузашта 34,8 дарсад зиёд аст. Дар баробари ин, воридоти мол 10,7 дарсад коҳиш ёфт. 
Сохтори содиротии кишвар аз ҳисоби маъданҳо 31,5 дарсад, филизҳои қиматбаҳо  21,3, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он 16,6, нахи пахта 10,1, қувваи барқ 5,0 ва семент 3,8 дарсад ташаккул ёфтааст.                                       
Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар ва ҷалби ҳар чи бештари сармояи мустақим ҷараёни ислоҳотро дар самти беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ  ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ  пайваста вусъат мебахшад. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки саъю талош ва истифодаи захираву имкониятҳоямонро барои рафъи камбудиҳои мавҷуда ва нигоҳ доштани пешрафти устувори соҳаҳои иқтисоди  миллӣ сафарбар созем. Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошем.
Завқӣ ЗАВҚИЗОДА, 
муовини  якуми вазири рушди иқтисод ва савдо


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2017    №: 252    Мутолиа карданд: 352

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост

Пушков: «Бе Русия СММ дуюм НАТО мешавад»

Меваю сабзавоти Осиёи Миёна бо ёрии Вашингтон ба Прибалтика меравад

Ҷанҷоли «нобелӣ» дар академияи Шведсия

Роҳандозии низоми шинохти фаврии чеҳра дар Чин

12.04.2018


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 93 км роҳ таъмир мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед