Хабарҳо
Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон
Дар шаҳри Ашқобод вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов доир гашт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.
Ҳавасмандии амиқи ҳар ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобила дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ таъкид гардид. Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар раванди тавсеаи муносибатҳои гуногунҷабҳа муҳим арзёбӣ гашт.
Ҷонибҳо, инчунин ,оид ба масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор, ибрози назар намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 217