logo

иқтисод

САНГВОР. АВЛАВИЯТ БА ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН

Дар ноҳияи Сангвор ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва дастгирии шахсони ниёзманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Тавре Умеда Сатторбекзода, муовини раиси ноҳияи Сангвор, зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, сокинони ноҳия баҳри рушду нумӯи диёри хеш ва кишвари соҳибистиқлол талошҳои зиёде намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.
Ба гуфтаи ӯ, аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии ниёзмандон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мегардад.
 Аз тарафи бахши  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 41 нафар ба маблағи 32 ҳазору 846 сомонӣ, ки аз ин шумора 5 нафарашон зан мебошад, кумаки яквақтаина расонда шуд. Бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти шаҳрвандони бешуғл ва  ҷалб намудани онҳо аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок ва бозгаштҳои бахши агентӣ ба 35 нафар барои фаъолияти соҳибкорӣ ба маблағи 147 ҳазору 780 сомонӣ қарзҳои бефоиз доданд.
Маркази  таълимии калонсолон дар ноҳия 105 нафари бешуғлро аз рӯйи ихтисосҳои гуногун ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб намуд.
Ба бахши ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ  аз тарафи  ҷамоатҳои деҳот 156 парванда пешниҳод гардид, ки ҳамаи онҳо дар махзани ягонаи маълумот ворид гардиданд. Аз ин шумора 156 оила расман эътироф шуда, 15 ҳазору 600 сомонӣ ба суратҳисобашон ворид намуданд. Дар асоси  қарори раиси ноҳия ба 42 нафар оилаҳои камбизоат  ва ниёзманд ба маблағи 10 ҳазору 500 сомонӣ ва ба ду нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявидошта ҳамчун кумаки яквақтаина 800 сомониӣ  доданд.     
Дар мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия дар ин соли хониш  143 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ба маблағи 83 ҳазору 249 сомонӣ кумакҳои хайриявӣ аз тарафи шахсони саховатпеша ва вазорату идораҳои дахлдор  расид.
- Ҳамин тавр, масъалаи дастгирии ниёзмандон ва соҳибкасб намудани шаҳрвандони бешуғл дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор гирифтааст, - гуфт Умеда Сатторбекзода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2017    №: 253    Мутолиа карданд: 507

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед