logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. РОҲҲОИ ДИГАРИ ПЕШГИРӢ НИЗ ҲАСТАНД

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи фаъолияти худ, тавонист дар мубориза бо коррупсия ба натиҷаҳои назаррас даст ёбад. Ин ниҳод дар баробари истифода аз дигар тадбирҳои зиддикоррупсионӣ, ташкили вохӯриву суҳбатҳо бо намояндагони  корхонаю муассисаҳои гуногун ва ҷомеаи шаҳрвандиро омили муҳими ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ шумурда, фаъолияташро дар ин самт таҳким бахшидааст.
Дар вохӯриву суҳбатҳои кормандони агентӣ бо ҷомеа, баррасии якҷояи роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, таъмини талаботи қонунгузорӣ, ошкорсозии сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба он алоқаманд дар меҳвари таваҷҷуҳ будааст. Чунин як вохӯрии судманд чанде қабл дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид, ки дар он намояндагони агентӣ ва зерсохторҳои вазорат  иштирок доштанд.
Ба гуфтаи Шодком Турсунзода, муовини сардори раёсати якуми сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, феълан коррупсия дар шаклҳои гуногун зуҳур карда, он метавонад ба рушди ҳамаи соҳаҳо таъсири манфӣ гузорад. - Дар тӯли фаъолият аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои зиёд, ба монанди азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ ошкор шуданд, ки дар натиҷа зарари ба Буҷети давлат расондашуда барқарор карда шуд. Ин намуди ҷиноятҳо асосан аз тарафи шахсони масъул бо суиистифода аз мансаби ишғолнамуда содир карда мешаванд, - изҳор дошт Шодком Турсунзода.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии худ сиёсати самаранокро бар зидди коррупсия таҳия ва амалӣ менамояд. Роҳбарияти сиёсии кишвар ҳамеша дар амри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҳои корсозро амалӣ намуда, бо ҷалби доираҳои гуногуни ҷомеа мубориза бо коррупсияро тақвият мебахшанд.
Дар вохӯрӣ Фатҳиддин Усмонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки вазорат ҳамеша ба он мекӯшад, ки шиддати чунин зуҳуроти номатлуб дар соҳаи маориф паст карда шавад. Вобаста ба ин, дар асоси «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020», «Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи мориф барои солҳои 2013 – 2020» нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ дар вазорат таҳия ва амал менамоянд. Ҳамчунин, сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои вазорат баромад намуда, муборизаи дастаҷамъона ба муқобили ин зуҳуроти номатлубро шарти пирӯзӣ донистанд. Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки барои коҳиш додани сатҳи коррупсия ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар соҳа корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ васеъ ба роҳ монда шаванд.
 
 Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2017    №: 257    Мутолиа карданд: 118

22.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Владимир Воронков

Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ

Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Тоҷикистон аз шаҳраки саноатӣ

Ҳамлаи хунин ба меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул

Хазинаи байналмилалии асъор: «Иқтисоди Русия рӯ ба болоравист»

«Ҷабҳат ан – Нусра» дар Идлиб ба муҳосира гирифта шуд

Ба ҳадди рекордӣ расидани пасандози русиягиҳо

Дар Шведсия бокси ҳирфаиро эҳтимол манъ созанд

18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед