logo

сиёсат

ПАЁМ. ҲИДОЯТНОМАЕ БА ҚАЛАМРАВИ САОДАТ

Соли дувум аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабр, дар поёни соли милодӣ манзур мегардад. Тааммул дар ин иқдоми шоёни Пешвои миллат дар навбати аввал як тадбири муҳимро барои мо шарҳу тафсир месозад, ки барҳақ, дар фароварди соли ҷорӣ ва фурсатҳои наздик ба ҳузури Соли нав ироа гардидани ин номаи ҳидояти мардуми тоҷик мақом ва манзалати онро ҳамчун барномаи як соли рӯзгори мардум муқаррар месозад.
Аз матолиби муҳим, ки дар сароғози Паём изҳор гардид, ба таҳлили вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ва ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайванд мегирад. Пешвои муаззами миллат зимни таҳлили амиқи фазои ҷаҳони муосир ҳамоно сиёсати “дарҳои кушод”- ро дар низоми муносибатҳои байналмилалии кишвар таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо тамоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳамагуна хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ба таври махсус изҳор доштанд.
Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба вазъи кунунии Афғонистон ва таъкиди хосса ба ёриҳои беғаразонаи Тоҷикистон барои таъмини оромишу субот дар минтақа баёнгари он аст, ки дар ҳақиқат кишвари мо ҳамон фарҳанги ҳамгироиро барои ҳаллу фасли муаммоҳои ин сарзамин идома медиҳад.
Дар баробари шарҳу тафсири тадбирҳои муҳими арсаи байналмилалӣ ва нақши созандаи кишвари мо дар ҳаллу фасли муаммоҳои ҷаҳони муосир дар Паёми солонаи Президенти мамлакат муҳимтарин барномаву ҳадафҳои фардоафрӯзи сиёсати дохилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чунон ки гуфта шуд, падидаҳои олии мардумсолорӣ ва халқпарварӣ, баррасии масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар доираи манфиатҳои мардум, пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон, коҳиш додани санҷишҳои ғайримунсифонаи коргоҳҳои истеҳсолӣ ва фаротар аз ҳама боло бурдани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ аз он башорат медиҳанд, ки маҳак ва меҳвари барномаи боз як соли пешрафтҳои кишвари моро ҳамон ҳадафи олии сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат - таъмини зиндагии шоиста ба вуҷуд овардаанд. Маҷмӯи ин сабукиҳо воқеан, имконият фароҳам хоҳанд овард, ки дар навбати аввал мардуми тоҷик ба таври шоиста аз маҷмӯи имкониятҳои дар ихтиёрдошта истифода намуда, дар амри расидан ба ҳадафҳои наҷиб талош намоянд.
Яке аз нуктаҳои қобили таваҷҷуҳ дар Паёми имсола он буд, ки соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Дар партави ин иқдоми наҷиб, пеш аз ҳама истифодаи босамар аз имкониятҳои мавҷудаи мамлакати мо ба хотири таъмини рушди устувори он ва рӯзгори босаодати мардум қарор мегирад. Воқеан, Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ ба шумор меравад, ки бояд аз он ба таври зарурӣ ва босамар истифода шавад. Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, таъмини муҳимтарин имтиёзҳо барои ниҳоду ширкатҳои сайёҳиро таъкид дошта, изҳор карданд: “Воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд”. Ин тадбирҳои муҳим дар навбати аввал ба он хотир андешида мешаванд, ки ба таъбири Пешвои миллат “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.
Рушди ҳунарҳои мардумӣ низ дар мамлакат яке аз воситаҳои муҳими таъмини зиндагии шоиста аст. Зеро, имрӯз дар минтақаҳои мухталифи кишвар  ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла косибиву ҳунармандӣ аз ҳар роҳу шева ривоҷ меёбад. Эълони соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ метавонад, дар навбати аввал барои ташаккули фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавӣ тавассути ривоҷи ҳунарҳои халқӣ мусоидат намояд. Аз сӯи дигар, додани имтиёзҳои давлатӣ ба ин гурӯҳи ҳунарварон имконият медиҳанд, ки баробари боло рафтани сатҳи некуаҳволии халқ беҳтарин намунаҳои ҳунармандон ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфта, сарватҳои маънавӣ ва арзишҳои фарҳангиро муаррифӣ намоянд.
Нуралӣ НУРЗОД,
дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 991
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед