logo

иқтисод

ОМИЛИ РУШД ВА ШАФФОФИЯТ. ДАР БОРАИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ

Таҷрибаи муосири низоми бонкдорӣ нишон медиҳад, ки истифодаи кортҳои пардохт яке аз омилҳои пешрафти молиявӣ ва ғанисозии буҷети кишвар мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ сохтани низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (харидуфурӯш) дар марказҳои савдову хизматрасонӣ як қатор чораҳоро амалӣ намуда истодааст.

- Гузариш ба низомҳои муосири пардохтҳои ғайринақдӣ дар баробари вусъат бахшидани истифодаи кортҳои пардохтӣ  хизматрасониҳои фосилавии бонкиро низ, аз қабили интернет - банкинг, мобайл - банкинг ва дигар воситаҳои пардохтҳои электронӣ рушд медиҳад, - мегӯяд Ҳамидулло Машрабзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 815 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» аз моҳи декабри соли 2014 ва тасвиби тағйиру иловаҳо ба моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯъ аз 1 январи соли 2017 насби POS - терминалҳои электронӣ барои ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ба таври ҳатмӣ роҳандозӣ гардид. Мутаассифона, дар Тоҷикистон бештари дорандагони кортҳо, онро ҳамчун воситаи гирифтани пули нақд истифода мебаранд. Дар ҳоле, ки кортҳои пардохт ҳамчун василаи ҳисоббаробаркунӣ дода мешаванд. 
Соли гузашта миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати низоми пардохти байналмилалии Visa International созишномаи ҳамкорӣ баста шуд. Созишномаи мазкур ба дорандагони кортҳои ширкат барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондани амалиёти харид бо пули миллӣ - сомонӣ имкон медиҳад.
Имрӯзҳо аксари шаҳрвандон истифодабарандагони смартфонҳо ва намудҳои дигари телефонҳоеанд, ки тавассути онҳо шаҳрвандон метавонанд ҳангоми хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ҳисоббаробаркуниҳоро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Ҳоло бештари ташкилотҳои қарзӣ оид ба пешниҳоди намудҳои гуногуни хизматрасонӣ ва пардохт тавассути телефонҳои мобилӣ барномаҳо таҳия карда истодаанд. Яъне, пешниҳоди хизматрасонии бонкдории мобилӣ низ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ рушд ёфта истодааст. Дар ин самт бо назардошти таъмини амнияти маълумот ва пешгирии берунрафти он аз телефон ё дуздии маблағҳо аз суратҳисобҳои бонкӣ чораҳо андешида мешаванд, - изҳор дошт зимни суҳбат Ҳ.Машрабзода.
Шуҳрат Салоҳиддинов, сардори идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон, иброз намуд, ки “Имрӯз аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ барои рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ чораҳо андешида шудаанд. Айни замон дар кишвар наздики 700 банкомат фаъол буда, 1707 терминали электронӣ дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ насб гаштааст. Беш аз 1 миллиону 700 ҳазор корти пардохтӣ  дар муомилот қарор дорад. Ҳиссаи бештари кортҳои пардохтиро «Корти миллӣ» ташкил медиҳад”.
Ба гуфтаи олимону мутахассисони низоми бонкдорӣ, дар давлатҳои тараққикардаи Ғарб зиёда аз 90 дарсади пардохти молу  хизматрасонӣ бо истифода аз воситаҳои муосири пардохтҳои электронӣ, аз ҷумла кортҳои пардохтӣ, анҷом меёбанд. Ба андешаи онҳо дар сурати истифодаи оммавии кортҳои пардохт ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо шаффофият дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ таъмин гашта, боиси рушди иқтисодиёти воқеии кишвар мегардад.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2017    №: 261    Мутолиа карданд: 101

22.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Владимир Воронков

Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ

Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Тоҷикистон аз шаҳраки саноатӣ

Ҳамлаи хунин ба меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул

Хазинаи байналмилалии асъор: «Иқтисоди Русия рӯ ба болоравист»

«Ҷабҳат ан – Нусра» дар Идлиб ба муҳосира гирифта шуд

Ба ҳадди рекордӣ расидани пасандози русиягиҳо

Дар Шведсия бокси ҳирфаиро эҳтимол манъ созанд

18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед