logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ИСТИҚБОЛИ БОШУКӮҲ АЗ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Чанд рӯз боз дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шодию хурсандии сокинону меҳмонон, хусусан кӯдакону наврасон, бо иҷрои бозиҳои солинавӣ, аксбардорӣ ҳамроҳ бо Бобои барфӣ ва Барфак, ҳамчунин, лижаронию конкитозӣ ҳадду канор надорад.
Ҷамъ омадан гирди арчаи солинавӣ дар гӯшаю канори шаҳр дили сокинонро фараҳ мебахшад. Бисёриҳо ба арчаи бузурги солинавии маркази пойтахт - майдони «Дӯстӣ» таваҷҷуҳ доранд. Арча 25 метр баландӣ дорад.
Шарофиддин Талабов, муовини директори муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», иброз намуд, ки арчаи солинавӣ бо муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷа ва чароғакҳои светодеодӣ насб гардидаанд. Ин арча боҳашамат ва зебост. Махсусан, дар шаб бо фурӯзон гаштани чароғакҳои рангаи он зебоии хос пайдо мекунад.
Барои бошукӯҳ таҷлил кардани Ҷашни Соли нави мелодӣ дар бисёри маҳаллаҳо низ арчаҳои идона гузошта шуда, рӯзҳои истироҳат баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони санъату мусиқӣ фазои идонаро боз ҳам ҷолибу рангин месозад.  
Дар ин бора аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ доданд. Иқдоми истиқболи бошукӯҳи чорабиниҳои солинавӣ дар асоси қарори раиси шаҳр ба роҳ монда шуда, бахшида ба таҷлили  Соли нави 2018 дар пойтахти кишвар баргузории як қатор намоишҳои идона, аз ҷумла санаи 28 декабр доир намудани намоиши солинавӣ барои кӯдакон таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ва шоми 31 декабр гузарондани шоу - барнома бо иҷрои мушакпарронӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва  намоиши театркунонидашудаи театрҳои давлатӣ баргузор мегардад.
Барои таъмини дастархони сокинон бо маҳсулоти хушсифат дар шаҳр ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ гузаронда мешавад. Ярмарка аз 20 декабри соли равон оғоз гардида, то 30 декабр идома меёбад. Ярмарка - фурӯши маҳсулот дар ҷойҳои муайян, аз ҷумла дар назди таваққуфгоҳи бозори «Меҳргон», кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ), бозорҳои «Ховарон», «Қарияи боло», маркази савдои «Ёвар» ва дар қисми ҷанубии муассисаи давлатии боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба роҳ монда шудааст.
Имсол таҷлили Соли нави мелодӣ бо омодагиҳои ҳамаҷониба дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми баландро касб кардааст.
О. ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2017    №: 262    Мутолиа карданд: 200

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед