logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Шоири халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймониро бештар тавассути шеърҳои кӯдаконааш мешиносему ёд мекунем. Бавижа, байни чанд насли охир касе нест, ки шеъри «Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд…» - ро надониставу насуруда бошад. Ӯ ҳар куҷое мерафт, кӯдакони сершумори диёр ба гирдаш ҳалқа мезаданд ва муроҷиати аксари онҳо бо вожаи «Бибиҷон» сурат мегирифт. Ва, баъдан, аксари пажӯҳандагон ва аҳли адаб Гулчеҳрабонуро бо тахаллуси ифтихории «Бибиҷони кӯдакон» ёд карда, чунин ба қалам додаанд.

Ин бонуи адабпарвари тоҷик духтари шоири бузурги тоҷик Пайрав Сулаймонист. Ӯ дар муҳити хонаводагиаш атри меҳру муҳаббат ва шеъру фарҳанг мешамид ва нахустчакидаҳои хомааш аз шоирии ӯ дарак медоданд. Албатта, шеърҳои аввалини Гулчеҳра аз ишқу отифа ва ҷудоиву васли ёр ҳарф мезаданд, аммо баъдтар бо тавсияи устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ба гуфтани шеърҳои кӯдакона ҷазм намуд. Зеро он замон дар фазои адабиёти бачагона як навъ холигӣ ба вуҷуд омада буд, бавижа аз миёни бонувон шоире, ки бо рӯҳу равони кӯдакон сарукор гирад, кам ба мушоҳида мерасид. Баъдан Гулчеҳра шеърҳои кӯдакона навишт ва зуд ба дили хонандаи кӯчкакаш роҳ ёфт. Ашъораш имрӯз ба 18 забони дунё тарҷума ва чоп шудааст.
Гулчеҳра қисмати аъзами умри хешро ба нашри босифату пурмазмуни маҷаллаи маъруфи «Машъал» (имрӯза «Истиқбол») бахшида, то синни нафақа дар ин нашрия кор кард. Дар ҳамаи мақолаву матлабҳои ӯ рушди адабиёти кӯдак, нашри ҳар чи бештари барнома, китоб ва ҳафтаномаву моҳномаҳои бачагона қотеона тақозо мешавад.  Ба андешаи ӯ, адабиёти асилу мондагори ҳар миллат аз адабиёти бачагонааш оғоз меёбад. Зеро таваҷҷуҳ ба ин бахши адабиёт таваҷҷуҳ ба ояндаи халқу миллат аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 161

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост

Пушков: «Бе Русия СММ дуюм НАТО мешавад»

Меваю сабзавоти Осиёи Миёна бо ёрии Вашингтон ба Прибалтика меравад

Ҷанҷоли «нобелӣ» дар академияи Шведсия

Роҳандозии низоми шинохти фаврии чеҳра дар Чин

12.04.2018


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 93 км роҳ таъмир мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед