logo

иқтисод

ҲАДАФ - ТАЪМИНИ ШАРОИТ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва роҳандозии технологияҳои инноватсионӣ   дар истеҳсолот  аз  ҳадафҳои  муҳими  Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд. Бо ин мақсад, давоми ду соли  сипаришуда татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷараён ёфта, татбиқи   тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он дар доираи  «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» амалӣ мешаванд.

Султоншо Ҳомидов, сардори раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ,    тадбирҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои  «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» - ро дар суҳбат бо   хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин  шарҳ дод: 
- Барномаи миёнамуҳлати рушд моҳиятан ҳуҷҷати навест, ки барои панҷ сол таҳия шуда, фарогири ду сикли буҷетӣ мебошад. Эҳтиёҷоти умумии молиявии  барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар 25,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки 55 дарсад барнома аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, 36 фоиз аз ҳисоби бахши хусусӣ ва 9 дарсад аз ҳисоби шарикони рушд маблағгузорӣ мешавад.
Дар барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар   роҳҳои идома додани равандҳои устуворгардонии рушди иқтисодӣ ва дар ин замина коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши теъдоди аҳолии табақаи миёна пешбинӣ гардидааст. Марҳила ба марҳила татбиқ намудани барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар  имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31 дарсад дар соли 2015 то 20 дарсад дар соли 2020  коҳиш ёбад.    
Барномаи миёнамуҳлат чунин афзалиятҳои асосии рушдро пешбинӣ менамояд: истифодаи оқилонаи захираҳо, рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва содиротӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии комплекси сӯзишвориву энергетикӣ, тақвияти ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои комилу хушсифат, тараққиёти инфрасохтори нақлиётӣ, дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, таҳкими нақши институтҳои ҷамъиятӣ дар рушди миллӣ, ташкили механизмҳои самараноки рушди маҳал, таъмини ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, коҳиш додани нобаробарии гендерӣ ва ҷалби бештари гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ҳаёти ҷомеа.
Барномаи миёнамуҳлат рушди иқтисоди миллиро дар асоси сенарияи индустриалӣ пешбинӣ менамояд, яъне рушди босуръати саноати кишварро барои ин давра дар назар дорад. Ҳамин тавр, ҳиссаи бахши саноат дар ММД то соли 2020 мунтазам афзоиш ёфта, ба 15,7 дарсад баробар мешавад. 
Татбиқи барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар  имкон медиҳад, ки истеҳсоли неруи барқ то соли 2020 ба 26,2 миллиард кВт - соат расонда шавад, ки ин нисбат ба соли 2015  яку ним  баробар зиёд  мебошад. Ҳаҷми содирот  афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2016 – ум 1,7 баробар зиёд мегардад. Инчунин, дар барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар  ба соҳаҳои иҷтимоии мамлакат аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Интизор меравад, ки хароҷоти Буҷети  давлатӣ бо дарназардошти сармоягузориҳо ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ то соли 2020 мутаносибан ба 6,7 ва 4,4 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонда шавад.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 189

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед