logo

иҷтимоиёт

ОИЛА. ХИШТИ АВВАЛРО КАҶ НАГУЗОРЕМ!

Солҳои охир ба сифати таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.  Ин масъалаест, ки ба ҳамкории муассисаҳои таълимию оила алоқаманд буда, таҳлилу баррасии ҷиддӣ мехоҳад. Маънии таълим ба ҳамагон маълум аст: он саводнок кардани хонандагон мебошад, вале маънии тарбия васеътар аз онест, ки мо мепиндорем. Тарбияи насли наврас масъалаи мушкилтарин ва печидаи соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Одатан, падару модарон ин вазифаро пурра ба зиммаи омӯзгорон гузоштаанд, ки мутлақо хатост. Дар кори тарбияи фарзанд – шогирд, қабл аз ҳама, модар масъулияту вазифаи бештар дорад. Модар ҳамеша ва қариб  тамоми рӯз дар паҳлуи фарзанд аст, аз рафтору кирдори ӯ хабар дорад. Аз ин сабаб, метавонад барои ислоҳу бартараф намудани ин нуқсу камбудиҳо кӯшишу талоши бештар кунад ва дар тарбияи фарзанд ба роҳбари синфу дигар омӯзгорони ёрӣ ҳам расонад.

Аз ҷониби дигар, бисёр мегӯянду менависанд, ки дар баъзе мамлакатҳои пешрафтаи олам, масалан дар кишварҳои Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ ҳафтод дарсади модароне, ки маълумоти олӣ доранд, ба хотири тарбияи фарзанд солҳои дароз аз касбу корашон даст мекашанд ва чунон ба тарбияи ҷигарбандашон машғул мешаванду ба мактаб равуо мекунанд, ки мегӯйӣ худ омӯзгор бошанд. Эътибори ҷиддӣ, сахтгирӣ ва хоҳиши қатъии модарро фарзанд ҳамеша эҳсос мекунад ва масъулияташ меафзояд.
Мутаассифона,  бештари модарони мо чунин нестанд. Барои аксарияти онҳо мактабравии фарзанд танҳо дар шашсолагиаш ва ҳамон ҳам дар ду-се рӯзи оғози таҳсил аҳамият дорад. Баъд шавқу завқу эътибори модарон ба қавле «пир» мешавад ва барои онҳо мактаб асосан даргоҳеро мемонад, ки фарзандашон чанд соат онҳоро осуда мегузорад, то ба кору бори хонадон машғул бошанд. Болои сӯхта намакоб, чун хатою нуқсоне аз хонанда сар зад, ҳам масъулони соҳаи маориф ва ҳам кормандони ҳифзи ҳуқуқ маҳз ва аввал ба мактабу муаллим «дар» меафтанд.
Албатта, ман масъулияту вазифаи омӯзгору мактабро дар кори тарбияи шогирдон нодида гирифтанӣ нестам. Гап дар сари он аст, ки маҳз ва аввал оила ба тарбия ҷавобгӯ ва ҷавобгар аст. Гоҳо падару модарон ба мактаб омада, аз муаллим домангир мешаванд, ки писар ё духтарашон вақтҳои охир беадабӣ мекунад, ба бозиҳои бемаънӣ машғул мешавад, бевақт ба хона бармегардад. Онҳо ҳатто андеша намекунанд, ки фарзандашон буду шуд 5 - 6 соат дар мактаб аст. Замони боқимонда бояд таҳти назорати падару модар бошанд.
Тарбия дар муассисаи таълимӣ, ҳатто дар муассисае, ки таълим суст ҷараён дорад, одатан хуб мушоҳида мешавад. Вале, чуноне ки мегӯянд, қарсак аз ду даст нест. Аксарияти оилаҳои мо вақте ба худ меоянд, ки фарзандашон ба ҷиноят даст задааст. Дар ин ҳол онҳо бори масъулиятро ба гардани омӯзгор бор карданӣ мешаванд.
Албатта, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вазъиятро хеле беҳтар намудааст. Агар он ҷо қайд мешуд, ки ҳафтае як ё ду маротиба ба мактаб ташриф наовардани волидон боиси ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо хоҳад шуд, кор ранги дигар мегирифт. Чун падар ё модар ба мактаб ташриф орад, фарзанд инро дида масъулияти бештарро ҳис мекунад, ҳар қадами худро дониставу санҷидаву бошуурона мегузорад. Бе ёриву дастгирии оила ягон мактаб ба муваффақиятҳои назаррас ноил намешавад.
Мо даъвову талаб надорем, ки волидон вазифаи муҳими таълим доданро ба зиммаи худ бигиранд, мехоҳем оила низ дар ин раванд фаъол бошад. Агар шогирд вазифаҳои хонагиашро иҷро накарда ба мактаб ояд, пеш аз ҳама волидон гунаҳкоранд. Аммо, агар фарзанд вазифаашро иҷро кардан хосту аз уҳдааш набаромад, ба муассисаи таълимӣ муроҷиат кардани падар ё модар шарт аст. Фақат баъд аз ин, айбро бояд дар фаъолияти омӯзгор ҷуст. Албатта, волидони масъулиятшиносе низ ҳастанд,  ки зуд - зуд ба мактаб меоянд, ё занг зада одобу рафтори фарзандашонро пурсон мешаванд, вале ин гуна волидон хеле каманд.
Майрам ҶӮРАЕВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти МТМУ № 51 шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 183

23.06.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Невен Мимитса

Масоили амният ва суботи минтақа матраҳ гардиданд

Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор шурӯъ кард

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед