Хабарҳо
Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гурӯҳи корӣ иборат аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд.
Муовини раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев зимни мулоқот бо кормандони идораву муассисаҳои шаҳраки ба номи Исмоили Сомонӣ изҳор дошт, ки яке аз мавзӯъҳои меҳварии Паём самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар буд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи давлатамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Акрамшо Фелалиев, инчунин, аз татбиқи лоиҳаҳои муштараки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо шарикони хориҷӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдовар шуда, баён дошт, ки бунёди роҳи байналмилалии Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Кулма – Мурғоб, панҷ пул дар дарёи Панҷ, таҳкими соҳили он, сохтмони даҳҳо муассисаҳои таълимию тандурустӣ самараи ҳамин ҳамкорӣ мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 229