logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

13 январ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба муносибати 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Сооронбой Шарипович!
Табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти инҷонибро ба муносибати санаи муборак - ҷашни 25 - солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қабул фармоед.
Муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо Қирғизистон, ки решаҳои чандинасраи таърихӣ доранд, ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад.
 Тайи давраи сипаришуда ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштарак ҷиҳати густариши ҳамдастиашон дар ҳама самтҳои калидии ҳамкорӣ натиҷаҳои хубро ба даст овардаанд. Ин омил имкон дод, ки заминаи ҷиддии таъмиқи муносибатҳои шарикии судманди Тоҷикистон ва Қирғизистон фароҳам оварда шавад.
 Итминон дорам, ки сафари расмии қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар такони тоза бахшида, сатҳи онҳоро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони мо ба зинаҳои нави баландтар хоҳад бурд.
Ба Шумо, муҳтарам Сооронбой Шарипович, тансиҳатии комил, саодатмандӣ ва ба манзури шукуфоии Қирғизистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муайяншудаатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти он сулҳу амонӣ ва рафоҳат орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимии инҷонибро ба муносибати  таҷлили 25 - солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Тайи чоряк асре, ки аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипарӣ шудааст, ҳамкориҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар асоси усули эҳтироми мутақобила,  ҳамҷавории нек, риштаҳои таърихан ташаккулёфтаи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни мардумони мо таҳким ва густариш ёфтаанд.
Миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон муносиботи пойдор роҳандозӣ гардида, таҷрибаи назарраси ҳамдастӣ дар самтҳои гуногун андухта шудааст. Мо, ҳамчунин, дар чорчӯби ИДМ, СММ, СҲШ, СААД ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамкории фаъол дорем.
Изҳори итминон менамоям, ки таҷрибаи хуби ҳамкории дуҷонибаи мо ба манфиати мардумони кишварҳои мо ва ба хотири таҳкими суботу амният дар минтақа ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатмандии комилу комёбиҳо дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон рафоҳ ва сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2018    №: 11    Мутолиа карданд: 616

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед