logo

иқтисод

ГЕОЛОГИЯ. ОМӮЗИШ ДАР СЕ МАЙДОНИ ОЯНДАДОР ИДОМА ДОРАД

Се сол қабл дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои филизҳои нодир барои солҳои 2016 – 2026» тасдиқ шуда, оид ба амалисозии он қарори дахлдор қабул гардида буд. Бо гузашти ду сол  имрӯз барои татбиқи ин барнома чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
Дар ин бора Раҳмонбек Бахтдавлатов, муовини аввали сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, чунин иброз намуд:
- Бояд  гуфт,  ки  рушди  илму  техника  ба  истифодаи филизҳои  нодир  сахт алоқаманд   аст.   Ҳамаи  маводи   конструктсионии фавқулмагнитӣ, фавқулсабук, фавқулсахт, фавқулгармитобовар ва баландустувор дар асос ё бо истифодаи филизҳои нодир офарида мешаванд.
Айни замон захираҳои ашёи хомро дар қаъри замин дар муқоиса бо сатҳи истифодаи ҳозиразамони онҳо барои аксарияти филизҳои нодир беканор ҳисобидан мумкин аст. Хелҳои нави конҳои филизҳои нодир ва объектҳои нав нисбатан ба наздикӣ кашф гардиданд ва ба геологҳо лозим меояд, ки бо мақсади зиёд намудани ин кашфиётҳо, аз ҷумла дар ҳудуди Тоҷикистон, иловатан қонунияти ташаккул ва ҷойгиршавии онҳоро омӯзанд.
Дар Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳсулоти филизҳои нодир ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Комбинати фулузоти нодири Ленинобод», «Тамохуш - корхонаи гидрометаллургии Исфара» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» машғул буд, айни замон бо иқтидори 10 - 15 дарсади имконот фаъолият доранд.
Омӯзиши мақсадноки геологии филизҳои нодир дар Тоҷикистон солҳои 40 – уми асри гузашта бо коркарди яквақтаи танаҳои ҷудогонаи пегматитҳо дар ҳудуди қаторкӯҳи Туркистон оғоз гардида, баъдан солҳои 1960 - 1970 омӯзиши ҷинсҳои ишқорӣ идома ёфт.
Мавзеъҳои маъдании филизҳои нодир Гапиров, Александров, Зорбурулук, Ходанго, Ванҷрӯд, Ясногор, Родник, Тутек, Самжон ва Чиндон ҳисобида мешавад.
Маъданҳои тантал ва ниобий фақат дар ду минтақаи иқтисодии геологӣ: Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ (Помир) маълуманд. Ҳудуди минтақаи аввал, ба ғайр аз қисми шарқиаш, пурра бо аксбардории калонмиқёс фаро гирифта, дар минтақаи дуюм бошад, аксбардории геологии миқёси 1:50000 танҳо дар ҳудуди 15 дарсади ҳудуди он гузаронда шудааст.
Сарҳади шимолии минтақаи иқтисодии геологии Марказӣ аз қаторкӯҳи Туркистон гузашта, сарҳади ҷанубиаш бо дарёҳои Қизилсу, Сурхобу Элок ба қисми ҷанубии доманаи қаторкӯҳи Ҳисор мегузарад. Дар ҳудуди он қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Қаротегин низ ҷойгиранд. Аз минтақаи иқтисодии геологии Ҷанубу Шарқӣ қисми ғарбӣ ва шарқии он барои филизҳои нодир нисбатан ояндадор ба ҳисоб мераванд. Сарҳади шимолии минтақа шартан бо водии дарёи Бартанг гузаронда шуда, сарҳади ҷанубӣ бо сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон рост меояд.
Корҳои ҷустуҷӯию арзёбии филизҳои нодир марҳила ба марҳила гузаронда шуда, аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.
Имрӯз сохторҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се майдони ояндадор оид ба филизҳои нодири Шазуд - Дӯзахдара, Ходанго ва Ёсуман омӯзиши геологиро ба роҳ мондаанд.  Омӯзиши геологии иҷрошуда дар навбати аввал тадқиқоти рӯизаминиро дар бар мегирад. Аз хандақҳои кофташуда ва профилҳои геохимиявӣ маҳакбардорӣ шудааст ва ҳамаи маҳакҳо барои ташхисот ба озмоишгоҳ супурда шудаанд. Баъди дастрас намудани натиҷаҳои ташхисот маҳакҳо таҳлил мегарданд ва оид ба майдонҳо хулоса бароварда, корҳои минбаъда иҷро мешаванд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2018    №: 12-13    Мутолиа карданд: 498

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед