Хабарҳо
Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд
АИР Новости. Дар ҳудуди он маркази технологияи пешрафта – амсилаи «Водии кремнӣ» ҷойгир карда мешавад.
Ташаббускори лоиҳаи мазкур ширкати Armenian Blockchain Forum (ABF) мебошад. Дар нимсолаи якуми соли равон дар МОИ ифтитоҳи маркази байналмилалӣ дар назар аст, ки нақши майдонча барои роҳандозӣ ва рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ аз тамоми ҷаҳонро хоҳад бозид. Ҳамчунин, дар ҳудуди МОИ – марказҳои индустриалӣ роҳандозӣ мешаванд.
Дар соли нахусти фаъолияти минтақа ташкили 250-300 ҷойи кории баландмаош ва ба Арманистон ҷалб намудани на камтар аз 120 миллион доллар инвеститсия дар назар аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 390