Хабарҳо
Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд
Gazeta.ru. «Сулҳ дар қаламрави Аврупо танҳо дар сурати муносибатҳои шарикона бо Русия вуҷуд дошта метавонад», - гуфт канслери Австрия Себастян Куртс.
Иттиҳоди Аврупо бояд ба татбиқшавии созишномаи Минск кӯшад, то ки ҳалли қазияи Украина тезтар фаро расад. Дар ин иртибот масъалаи таҳримоти ғарбӣ алайҳи Москва аҳамияти муҳим касб мекунад. «Дар сурати пешравӣ дар беҳшавии вазъияти Украина лағви қадам ба қадами таҳримоти зидди Русия айни муддао мешавад, то ки барои пешрафти минбаъда ҳавасмандӣ ба миён ояд»,- гуфт канслер.
Вена борҳо зарурати сабуксозии таҳримоти Ғарбро таъкид кардааст, зеро онҳо бар зарари тиҷорати Австрия мебошанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 302