logo

Хабарҳо

ТАСДИҚИ РАМЗИ "СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ"

22 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» - ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни «2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегардад, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст.
Рамз обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумӣ мебошад, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 335

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед