logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НАВРӮЗГОҲ

21 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии сарв, сарви лейландӣ ва секвоя шинонда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардондани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
Ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе дар майдони боғи Наврӯзгоҳи пойтахт сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию рӯҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонда шуданд.
Дар майдони боғи Наврӯзгоҳи пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар ин мавзеъ шинос шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва идораҳои марбута дастур доданд, ки ҷиҳати боз ҳам зебо кардани ин мавзеъ, ба як ҷойи хушманзара табдил додани он, барои ба таври доимӣ фаъолият кардани шаршараи боҳашамату фаввораҳои назди он, чароғонкунӣ ва ба як мавзеи хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт табдил додани боғ, дарахтони зебои гулдор ва ниҳолҳои нодири ба саломатии инсон фоидаовар шинонда шуда, нашъунамои хуби онҳо таҳти назорат гирифта шавад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2014 боғи Наврӯзгоҳ бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва он дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тозае зам кардааст.
Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии боғ ба шумор мераванд.
Дар майдони 15 гектари боғи Наврӯзгоҳ дарахтони санавбар, калина, туя, сирена, ҷалғӯза, пихта, каталпа, можжевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, булут, зирк, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонда шудаанд.
Аз ороишоти асосии дигари боғи Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохта шудаанд. Дар боғи Наврӯзгоҳ, ҳамчунин, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавҷуд аст.
Аксари кулли ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Умуман, боғи Наврӯзгоҳ як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони соҳибзавқи пойтахт пешкаш гардидааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, тезондани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ободу зебо гардондани гулгашту хиёбонҳо, боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурудгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, Боғи ҷавонони пойтахт ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатии шаҳр, инчунин, роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар баробари дарахтони ороишӣ имрӯз дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз ҳазор адад ниҳоли бодом  шинонда шуд. Дарахтони бодом дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии Тоҷикистон ва хоҷагии деҳқонии “Асадулло” - и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дастрас гардиданд.
Сарвари давлат ба мутахассисону коргарони боғи Наврӯзгоҳ ва  дигар боғдорон маслиҳат доданд, ки дар айёми камобӣ ба масъалаи яхобмонӣ ва нигоҳубини хуби дарахтон аҳамияти зарурӣ диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур бо рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар боғи кӯдакон ва боғи назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки зимни як маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат бо ҳисси баланди ватандорӣ дар пеши худ мақсад гузоштанд, ки барои ободонии пойтахт иншооти гуногун, аз қабили майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатиро бунёд карда, дар хизмати сокинону меҳмонон мегузоранд. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар ҳамаи беш аз 90 иншооти бунёдшавандаи пойтахт корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.
Боғи кӯдакон дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боғи Наврӯзгоҳ аз ҳисоби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва боғи назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз тарафи роҳбари Агентии захираҳои моддӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода сохта шуда истодаанд, ки имрӯз Сарвари давлат аз рафти корҳо дар онҳо ва дигар иншооти пойтахт, шинос шуданд.
Масоҳати боғи кӯдакон, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сохта мешавад, чун туҳфаи арзанда барои кӯдакони хуштолеи мамлакат буда, 2,5 гектарро ташкил медиҳад. Оянда дар ин ҷо барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 230 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта мешаванд.
Боғи мазкур дар назди муассисаи давлатии Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе воқеъ мебошад ва дар оянда кӯдакони ин даргоҳ метавонанд аз ҳамаи шароитҳое, ки Сарвари давлат барояшон муҳайё мекунанд, баҳрабардорӣ карда, олами худро дар фазои орому осудаи Ватан рангин созанд.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиён  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳамсафар” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар - 2015” мебошанд. Дар иншооти мазкур беш аз 50 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз рафти сохтмон супориш доданд, ки корҳои ободонӣ бо сифати баланд анҷом дода шаванд, то ин ки ин марказҳои фароғатӣ солҳои сол барои насли ояндасоз хизмат расонанд.
Дар ноҳияи Шоҳмансур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддӣ барои пурра азнавсозӣ кардани боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар майдони 8 гектар дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ин ҷо оянда дар асоси супориши Пешвои миллат майдони футболи хурд, корти теннис, майдончаҳои дигари варзишӣ, аз қабили тенниси рӯйи миз, нишастгоҳҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта сохта мешаванд.
Боғи назди театр тибқи дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бояд то 1 сентябри соли 2018 дар арафаи Ҷашни умумимиллии Рӯзи истиқлолияти давлатӣ бо сифати баланд ба истифода дода шавад.
Мавриди зикр аст, ки тайи қариб як соли фаъолияти пурсамар ва созанда бо ташаббус ва роҳбарии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони биҳиштосо симои тозае ба худ гирифт. Дар як муддати кӯтоҳ дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла мактабҳо, иншооти маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати бобарор ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои неки Президенти мамлакат мебошанд.
Имсол дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баргузории якчанд чорабинии дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дар назар аст. Бинобар ин, ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, истиқболи гарму самимии сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони воломақом, инчунин, муаррифии сарзамини ободу биҳиштосои Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соли нав доир кардани чунин тадбирҳои созандагӣ, аз ҷумла ниҳолшинонӣ, аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти давлату Ҳукумат мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 135

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед