logo

иқтисод

ВМКБ. МУСОДИРАИ МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ

Кормандони  Раёсати   стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва  нозироти  савдои  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон    дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмонро, ки  дар  Паёми  навбатиашон   ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   дар    самти  таъмин  намудани  бозори  истеъмолии   мамлакат  бо  маҳсулоти  хушсифат  баён  гардиданд,  ба  роҳбарӣ  гирифта,  дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ҷиҳати  омӯзиши  сифати маҳсулот  дар  бозор  ва  нуқтаҳои  савдо, муҳлати истифодабарии  он  ва  муайян  кардани   маҳсулоти  бетамғаву вақти  истеҳсолашон номуайян  якҷоя  бо  дигар   сохторҳои  дахлдори  вилоят   рейдҳои муштарак гузаронданд.
Дар  ҷараёни  рейд аз  нуқтаҳои  савдои  шаҳри  Хоруғ маҳсулоти гӯштӣ -  ҳасибҳои навъҳои «Наврӯзӣ», «Баҳор», «Ориё»,  ки маҳсулоти корхонаи соҳибкори  инфиродӣ С. Эрназаров  аз шаҳри Душанбе мебошанд, мавриди  санҷиши   лабораторӣ қарор  гирифтанд. Маълум гардид, ки ин маҳсулот сифатан паст буда, муҳлати истифодаашон  ҳам  гузаштааст. Ба гуфтаи мутахассисони раёсат, кормандон  нишондоди  муҳлати  истеҳсол  ва  истеъмоли ҳасибҳои  куҳнашударо  иваз  карда, муҳлати истеъмолашонро  нав  нишон  медиҳанд  ва  бо  ин  роҳ  молашонро  ба   соҳибкорон  пешкаш  мекунанд. Соҳибкорон бошанд, ба сертификати мутобиқат бовар мекунанд. Роҳи дигари фиреб бо нархи арзон пешниҳод кардани маҳсулоти гӯштии муҳлати истифодабариаш хеле  кам  мебошад. Баъзан мошинҳое, ки ба вилоят  бор  меоранд,  то пур шудани бор  10 – 15 рӯз дар истгоҳ мемонанд. Бе ин ҳам мошинҳои  боркаш  аз  Душанбе  то  Хоруғ  дар  2 рӯз  мерасанд. Дар натиҷа муҳлати истеъмоли маҳсулот мегузарад.  Вале  соҳибкорон  ин  ҳолро  дидаву  дониста,  ба  ҷои  чораҷӯӣ  дар  самти таъмини  технологияи  нигоҳдории  маҳсулот  аз  шаҳри  Душанбе, дигар  минтақаҳои  ҷумҳурӣ ва  берун  аз  кишвар маҳсулоти  пастсифату  бо  нархи  арзон  харидаро   дар  нуқтаҳои  савдои  шаҳри   Хоруғ  ва  ноҳияҳои  вилоят  бо  нархҳои  муқаррарӣ ба  фурӯш  мегузоранд.                          
Ба иттилои шуъбаи нозироти савдои Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, ҳоло  барои  ташхис  ба лабораторияи раёсат   75 килою 800 грамм ҳасиби навъҳои «Ориё», «Баҳор», «Наврӯзӣ», 62 кг печенйе, 20 кг кулчақанд, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, оварда  шудаанд.  Инчунин, дар лаборатория   33  килограмм маҳсулоти консервӣ ва  11  кг  витаминҳои истеҳсоли кишвари Хитой барои кӯдакон, ки тамға ва санаву соли барориш надоранд, мавҷуданд, ки баъди ташхис нобуд карда мешаванд.               
Ба  иттилои  масъулини  раёсат,  давоми  соли гузашта ба миқдори 6246 шиша  навъҳои  гуногуни  нӯшокиҳои спирти этилӣ ва машруботи пастсифату ғайристандартӣ ошкор карда шуданд.  
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2018    №: 19    Мутолиа карданд: 296

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед